Дар тамоми ҷаҳон имрӯз мубориза бар алайҳи КОВИД-19 идома дорад ва кай ин вабо аз рӯйи замин нест мешавад маълум нест. Аммо ягона роҳи эмин мондан аз мубталошавӣ ба ин маризӣ ин эҳтиёт намудан аст. Яъне ҳар як шаҳрванд бояд худро эҳтиёт кунад ва чораҳои пешгирикунандаро риоя намояд.
Хушбахтона коронавируси навъи КОВИД 19 ба кишвари мо он қадар таъсир нарасонидааст ва табибон кӯмаки 24 соатаи худро ба шаҳрвандон дареғ намедоранд, ки ин шоистаи сутуданист.
Он чӣ имрӯз бар сари ҷомеа ҷаҳонӣ омад, ин як вабо аст ва бояд инсоният худ масъули саломатии хеш бошад. Зеро дар аксари кишварҳои ҷаҳон аллакай инсонҳо аз беаҳмиятӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба ин вабо бештар мубталошудаистодаанд, ки ҳамарӯза омори он дар дасти мо ҳаст.
Аз ин лиҳоз шаҳрвандон бояд худ тасмимгирандаи аслӣ дар роҳи мубтало нагардидан бошанд. Риояи чораҳои пешгирикунанда аз гирифторӣ ё худ сироятёбӣ ба ин вируси нав метавонад инсонҳоро наҷот диҳад ва дар назди насли башар ҳам фақат ҳамин масъулият боқӣ мондааст.
Мо метавонем бе ягон дудилагӣ иброз намоем, ки агар шаҳрвандон ҳамаи чораҳои пешгирикунандаро риоя кунанд, коронавируси навъи КОВИД-19 моро ба зудӣ тарк хоҳад гуфт. Имконияти пурра аз КОВИД-19 раҳо шудан ҳаст ва ин албатта пеш аз ҳама ба масъулият ва ҳамкории шаҳрвандон бо аҳли тибб вобаста мебошад. Ҳар як шахс табиби худаш аст ва ин гуфта бесабаб нест ва ба зудӣ аз ин вабои ҳамагир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар наздаш оҷиз мондааст, халос хоҳем шуд.
Саидов А.
омӯзгори ДКМТ