дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” 4
Дирӯзу имрӯзи таърихи миллати тоҷик ҳанӯз ба таври амиқ омӯхта нашудаасту ҳанӯз ҳам насли ҷавон дар шинохти дӯсту душман як андак мушкилӣ мекашад. Яке аз проблемаҳои асосии таърихнигорони мо дар он аст, ки бениҳоят дер ва бениҳоят кам дар бораи душманони миллати тоҷик, хоинони муздур ва манқуртони наҳзатӣ ба шаҳрвандон маълумот доданд. Ин аст, ки баъзан аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз ин фурсат истифода бурда, хиёнатҳор ва ҷиноятҳои худро рӯйпӯш карданӣ мешаванду ба худ ҳар лаҳза як ниқоби нав мегиранд, ки ин аз ҳамон ҳиллаи наҳзатиён бармеояд.
Ҳарчанд наҳзатиён дар хориҷ аз кишвар ин қадар сафсата мехонанду насли ҷавонро гумроҳ карданӣ мешавнад, аммо имрӯз дигар барои ин ҳоҷат ҳам намонд. Зеро дигар он ҳама пинҳонкорӣ, фаъолиятҳои террористӣ ва зиддиинсонии наҳзатиён аз забони аъзоёни собиқ, шоҳидони ҳол ифшо карда шуд, ки дигар наҳзатиён урён шуданд, гӯем ҳам хато нахоҳад буд. Чунки наҳзатиён дар он солҳо бештар талош мекарданд, то мардумро бо дурӯғу афсонаҳои бофтаашон фиреб дода, ҳақиқати аслии худашон, яъне чеҳраи аслшиашонро пинҳон нигоҳ доранд ва ҳамин аст, ки бештар мардум ба ин тоифаи наҳзатӣ бовар кардаву худ фирефтаву сарсон гардид.
Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисми 4 низ аз даҳшати солҳои 90-ум ба сари миллат овардаи роҳбар ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ қисса мекунад, ки дидани он инсонро бетараф гузошта наметавонад. Зеро наҳзатиён дар ватани худ талош карданд, то миллати тоҷикро ғуломи хоҷаҳои хориҷияшон гардонанд, ки ин бисёр ҳам амали нобахшиданист. Таҳлилҳо ва гуфтовардҳо аз забони шоҳидони ҳол воқеан ҳам филми “Хиёнат” қисмати 4-умро ба санади таърихӣ табдил додааст, ки бисёр ҳам барои шинохти душмани миллат ва хиёнаткорони наҳзатӣ маводи хуб мебошад. Зеро бо дидани ин филмнома ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад боварӣ ҳосил кунад, ки дар ҳақиқат ҳам аъзоёни ТТЭ ҲНИ муздурон ва фиристодаҳои душманони миллати тоҷик мебошанду наҳзатиён ғуломи ҳалқабаргӯши онҳо. Он чӣ аз ҷониби аъзоёни собиқи ТТЭ ҲНИ гуфта мешавад, паҳлӯйи пинҳон ва сирри аслии наҳзатиёнро фош месозад, ки ин бор дигар мӯҳраи наҳзатиён шикаст бигӯем иштибоҳ нахоҳад буд.
Аминҷонова М
омӯзгори ДКМТ