ДОНИШКАДАИ КУҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ ДОРОИ МАВҚЕИ УСТУВОР

Дар нишасти матбуотие ки санаи 09.08.2018 оид ба фаъолияти Донишкадаи куҳӣ-металлургии  Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар нисолаи якуми соли 2018  ректор М.Фозилзода аз дастовардҳои ин таълимгоҳи олӣ  маълумоти муфассал доданд. Инак, чанд нуктаҳои асосӣ:

– Натиҷаи қабули довталабон санаи 07.08.2018с. барои даври асосӣ нишон дод, ки ба ихтисосҳои донишкада 693 нафар довталабон дохил гардидаанд, ки 80%-ро ташкил медиҳад. Нисбат ба соли қаблӣ теъдоди қабулгардидагон 14 нафар зиёд мебошад. Санаи 24.08.2018с. даври такрории қабули довталабон аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад ва дар назар аст , ки нақшаи қабул (866 нафар) 100% иҷро мегардад

– Соли ҷорӣ донишкадаро 659 нафар хатмкунандагон хатм намуданд, аз ҷумла 483 нафар шуъбаи рӯзона, 165 нафар шуъбаи ғоибона ва 11 нафар магистратура. Аз 483 нафар хатмкунандагони шуъбаи рӯзона 193 нафар тариқи буҷетӣ ва 290 нафар тариқи шартномавӣ донишкадаро хатм намуданд. 6 нафар донишкадаро бо дипломи аъло хатм намуданд. Нисбати 13 нафар хатмкнандагони тариқи буҷетӣ ҷиҳати тақсимот бо ҷойи кор корбарӣ рафта истода аст.

– Дар се факултањои донишкада аз рўи 17 ихтисос њамагї 3092 нафар донишљўёну магистрантон ва аспирантон тањсил менамуданд. Аз љумла, 2145 нафар дар шуъбаи рўзона  ва 947 нафар дар шуъбаи ѓоибона.  Теъдоди умумии духтарон 175 нафарро ташкил медињад. Аз теъдоди умумии шўъбаи рўзона 621 нафарашон аз њисоби буљети давлатї ва 1525 нафарашон дар асоси  шартнома тањсил менамоянд.  Донишљуёи ѓоибхон танњо дар асоси шартнома тањсил менамоянд. Њоло бо Квотаи Президентї дар донишкада 13 нафар донишљўён таҳсил намуда истодаанд.

-Дар ин давра донишкада соҳиби гранти Академияи Миллии Илмҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (The National Academies of Sciences, Engineering, and Medicine) аз рӯи Барномаи «Ҳамкорӣ бо маќсади мустаҳкам намудани фаъолият дар тадқиқотҳои илмӣ» гардид. Мавзўъи Лоиҳа «Тадќиќоти обҳои байнисарҳадии Осиёи Марказӣ» ном дорад, ки масъалаи Идоракунии Якҷоягии захираҳои обиро меомўзад. Ҳамзамон, донишкада бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби лоиҳаи “Курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши корҳои таркишгарӣ” гардид.

-Донишкада бо 11 МТОК-и хориҷи кишвар аз ҷумла, бо Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе, Донишкадаи МИСИС-и  Россия, Филиали МИСиС дар шаҳри  Душанбе, Донишгоҳи давлатии техникии Кузбасси Федератсияи Россия, Донишкадаи давлатии иқтисодиёт, молия ва технологии ш. Гатчинаи Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Полотскии Ҷумҳурии Белоруссия, Донишгоҳи федералии Қазон ва Донишгоҳи миллии Кривой Роги Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии илм ва технологияи Сибири ба номи М.Ф. Решетнев,  Донишгоҳи давлатии Россия «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳо» -и шаҳри Москва, Мактаби байналмилалии баъдидипломии ба номи Ҷозеф Стефани Словения,  Донишгоҳи техникии Молдова ва Донишкадаи давлатии куҳии Навоии Ҷумҳурии Узбекистон шартномаҳои тарафайни муҳим ба имзо расонида шуд.

 

-Тибқи шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии нафту гази Уфа 7 нафар донишҷӯёни ихтисоси 510202-коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ барои таҳсил ба муддати як нимсола ва ҳамзамон 3 нафар донишҷуёни ихтисоси 330101-05-ҳифзи муҳандисии муҳити зист тибқи шартнома ба Донишгоҳи илмҳои табиии Приуси Юнон барои таҷрибаомӯзӣ ба муҳлати 3 моҳ ва омӯзгори ҷавон Ҳоҷибоев Д. барои ҷамъбасти рисолаи номзадӣ ба муҳлати 3 моҳ ба Донишгоҳи илмҳои табии Словения сафарбар карда шуданд.

-Донишҷӯёни донишкада Пулатов А., Қосимов Ш.А., Содиқова Н.Ҷ.  ва Мирзоев М.М. аз санаи 16.06.2018с. то санаи 08.07.2018с. бо мақсади таҳсил дар курси кутоҳмуддати “ТНТ311-технологияи идоракунӣ ва коркарди захираҳои обӣ, 10ЕСТS”, ки дар Донишгоҳи табиии Норвегия баргузор гардид, сафарбар гардиданд.

-Бо дастгирии ҶДММ «Ширкати идоравии минтақавии саноати Тоҷикистону Хитой» ш. Истиқлол моҳи ҷорӣ 4 нафар хатмкунандагони донишкада барои таҳсил дар магистратура тариқи ройгон ба Донишгоҳи политехникии Кунмини Ҷумҳурии халқии Хитой сафарбар карда мешаванд.

-Бо мақсади зиёд намудани масоҳати таълимӣ, таъмини донишҷӯдухтарон ва аспирантону магистрантон бо ҷойи хоб, таъмири яксараи хобгоҳи №2  дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, 1-октябри соли 2018 пурра ба истифода дода хоҳад шуд

     Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти МИҲД-и вилояти Суғд Мирмуҳаммедов Олимҷон, рӯзноманигорон: Нуриддинов  Умедҷон (рӯзномаи «Согдийская правда»),  Худойбердиев Улуғбек (рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”), Турсуной Дустматова (рӯзномаи “Суғд ҳақиқати”) Шодиев Саидмаҳмад – сармуҳаррири  рӯзномаи «Паёми Бӯстон», Абдуллоев Икромҷон (муҳарррири моҳномаи “Маъданшинос”) ширкат варзиданд. Ҳамчунин  ҳайати Раёсат ва омӯзгорони кафедраю факултетҳои Донишкада ҳузур доштанд.   

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

бист − нуҳ =