Дар ҷаҳони муосир ҳар лаҳза дар ин ё он нуқтаи кураи замин амалҳои террористӣ сар зада истодаанд. Ин амалҳои даҳшатзо таъсири худро каме ҳам бошад ба Тоҷикистони мо низ мерасонад. Аз ин рӯ, Роҳбари давлат аз соли 2000-ум саркарда то имрӯз дар паёмҳои солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ ин зуҳуротро чунин баҳо доданд: «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳар як таҳдид терроризм ба ҷони ҳар як сокини сайёра таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад». Имрӯз олами ислом ба талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷоибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръи балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад. Дар чаҳони имрӯза дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи сиёсӣ густариш пайдо кардани ин зуҳуроти ниҳоят хаторноки асри нав – терроризм ва экстремизм бо бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани олам бӯҳронӣ молиявию иқтисодӣ низ пайгири бисёр давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ин мушкилоти аср ва таҳдидҳо мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузургӣ олам ва ҳатто тақдири инсониятро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.
Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои асосии имрӯза буда, махсусан ҷавонони ноогоҳи бехабар аз арзишҳои ахлоқӣ ва инсониро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба сафҳои ташкилотҳои террористӣ сафарбар менамояд. Террористон аз “Давлати Исломӣ” сар карда то толибону ҳизбҳои дигари бо номи “Исломӣ “ вазъияти ҷаҳонро торафт муташанниҷ сохта истодаанд ва ба оташи даргир равғанӣ бештар мерезанд. Воқеаҳои охир дар давлатҳои Туркия ва Австралия дар сайтҳои серхонандатарини ҷаҳон нашр ва паҳн гардида дар зеҳни онҳоеро, ки исломро чун дини террористон мешиносанд дини исломро боз ҳам бадномтар кард. Ҳам ислом ва ҳам дигар динҳои маъмули дунё худкуширо амали нопок, ҳатто куфру бедиёнатӣ медонанд. Пас суоле ба миён меояд, ки террористҳои марготалаб дар асоси кадом гуфтаҳо ва фатвои динӣ суитсид ё худкуширо барои аз байн бурдани ҳаёти дигар инсон талқин мекунанд, дар сурате, ки ягон дини дунё худкуширо амали дуруст ҳисоб намекунад.
Дар замони муосир сафҳои низомиёну гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесаводи тамоми кишварҳо меафзояд, ки онҳо ҷонӣ худро барои мақсаду мароми роҳбаронашон нобуд месозанд. Ба назар мерасад, ки камсаводӣ аз фарҳанги дунявӣ ва исломӣ омили асосии гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Бесабаб нест, ки барои ҷалб намудани ҷавонони кишвар ба китобхонӣ ва баҳрабардорӣ аз мероси ниёгон барои бунёди фазои солими тарбияи насли наврас роҳбари давлат эътибори ҷиддӣ медиҳанд.
Ҷаҳони имрӯза ба ҳаводиси даҳшатбори экстремизм, радикализм ва терроризми дар қолаби динӣ-мазҳабӣ рӯз дар миён даргир мешавад ва ниҳодҳои давлатӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон саъю талош доранд, ки пеши роҳро гиранд. Аммо вазъият на танҳо беҳбудӣ намеёбад, балки ҳодисаҳо рӯз аз рӯз дар қолабҳои нав пайдо мегардад. Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба “шарофати ” ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.
Яке аз омилҳои ҳифзи пояи давлатдорӣ, ваҳдат ва амнияти ҷомеа бо пешгирии амалҳои номатлуб, ифрот ва ақидаҳои бегона мебошад. Вазифаи ҳамаи мо – шаҳрвандони азизи кишвар аз он иборат аст, ки бо талошҳои ҳамарӯза нагузорем, ки ақидаҳои носолиму ихтилофӣ ба ҷомеаи мо роҳ ёфта мағзи ҷавононро заҳролуд гардонад. Ҷавононро ба китобхонӣ ва омухтани илмҳои дунявии барои тараққии кишвар зарурбуда, хусусан ба илмҳои дақиқ ҳидоят намоем.
Абдилламидов Н.
омӯзгори кафедраи таъминоти барқ