ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲО!

Имрӯз аз санаи мубораку муҳим барои тамоми миллати тоҷик рӯзи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ 29 сол пур мешавад, ки ин 29 сол як таърихи комилан нав барои тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон дар ин давра басо рушд намуда, ба беҳтарин имкониятҳо дастрасӣ пайдо намуду шароити зисту зиндагонии мардум беҳтар гардид. Албатта, барои миллати тоҷик ба даст овардани Истиқлолият осон набудааст ва маҳз бо ҷоннисориву талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сутунҳои бинои истиқлол мустаҳкам гардонида шуданд, ки ин дастоварди бузург мебошад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми кишварҳои сайёра ба расмият шинохтааст, ки ин бисёр ҳам ифтихори бузург мебошад. Пас аз истиқлолият ба даст овардан Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои СММ гардид, ки ин ҳам қадаме барои шинохти тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон аз баракати истиқлол меболанду дар фазои сулҳу салоҳ ва ободиву созандагӣ ба сар бурд, ки ин бахти бузург ва толеи неки миллат мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра тамоми сокинони кишварро бар ин рӯзи накӯ ва шоиста табрик намуда, таманнои онро мекунем, ки Тоҷикистон ҳамеша мустақилу миллат доимо муттаҳид бошад.