ТЕРРОРИЗМ , ЭКСТРЕМИЗМ ВА ОҚИБАТИ ОН

 Вақте ки ин мафҳумҳо ба забон гирифта мешаванд, вуҷуди инсонро ҳиссиёти нафрат фаро мегирад. Терроризм калимаи лотинӣ буда, маънояш тарс, ваҳм мебошад. Экстремизм маънои ифротгароӣ, тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои тундравонаро дорад. Мақсади асосии террористону экстремистон ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ мебошад, ки инро тавассути зӯроварӣ ва даҳшатафканӣ амалӣ мегардонанд. Имрӯз терроризм ва экстремизм печакро  мемонад, ки дар қаъри замин реша давонда, дарахти сарсабзу хуррамро фаро гирифтааст ва ҳарчанд онро решакан кунем ҳам, аз сари нав шоха меронад. Ин вабои аср тавассути кирдори зишти худ мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст. Ваҳшоният ва бераҳмии онҳо то ба дараҷае мерасад, ки ҳатто зану фарзанд ва наздикони худро ба доми марг мекашанд. Пайравони ин падидаҳои номатлуб рӯз то рӯз зиёд шудаистодаанд ва миқёси амалҳои террористӣ бошиддат афзуда истодааст.

      Гирифтор ва фирефтаи ин гуна ҳаракатҳо асосан ҷомеаи ҷавононанд, чунки онҳо аз ҷиҳати зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд ва шуури онҳоро бо ифроту хурофот пур кардан осонтар аст. Нанговар аст, ки ҷавонони тоҷик низ шомили ҷараёнҳои зишткоранд, хешовандон ва наздикони худро зери хатар мегузоранд, падар ва модари худро дар назди ҷомеа сархам мекунанд, зидди давлат мебароянд ва ба ватани худ хиёнат мекунанд. Роҳбари давлат таъкид кардаанд, ки « Дар тӯли таърих ягон халқу миллат  хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.»

     Сабабҳои шомилшавии ҷавонони тоҷик ба ҷараёнҳои номатлуб паст будани маърифатнокӣ, ҷаҳонбинии нодуруст, надоштани дониши сиёсӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарварӣ, хештаншиносию худогоҳӣ мебошанд. Чаро насли ҷавон роҳи нодурустро интихоб мекунад ва дар зиндагӣ раҳгум мезанад? Чаро ба ҷойи он ки ҳомии Ватан бошаду марзу буми Ватанро муҳофизат кунад, дар майдони мубориза бар зидди ватан аст ва эътибори миллатро дар назди дигар халқиятҳо паст мекунад? Чораандешӣ баҳри рафъи ин муаммоҳо, пешгирии ҷиноятҳо ва зуҳури ҳар гуна ҳаракатҳо на фақат  вазифаи мақомоти дахлдор аст, балки ин бори гаронро мо омӯзгорон бар дӯш дорем. Таъсир расонидан ба ташаккули дурусти маърифатнокӣ, тарбия намудан дар руҳияи ватандорию ватанпарастии насли наврас, ҳидоят намудан ба роҳи рост вазифаи аввалиндараҷаи мост. Мо омӯзгорон уҳдадорем, ки дар ниҳоди насли ҷавон аз синни хурдсолии онҳо ҳисси ватандорию хештаншиносиро тавассути омӯзонидани асарҳои бузургону адибон бедор кунем. Дар шуури онҳо қаҳрамониҳои Шерак, Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва корнамоиҳои садҳо қаҳрамонони дигари тоҷик, ки барои озодию истиқлолият ва пойдории сулҳу ваҳдат равона шудаанд, талқин кунем. Аз далерию нотарсӣ ва  ҷонбозиҳои Роҳбари давлат мисолҳо орем.  

      Дар ҳеҷ давру замоне терроризм ва экстремизм оқибатҳои хуб наоварда, танҳо ба инсонҳо бадбахтиҳоро насиб гардонидааст. Аз ин рӯ, мо омӯзгорони ҷавон бояд ҳамеша зидди ин вабои аср бошему ҷиҳати решакан намудани он саҳми худро гузорем. Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад. Бетараф набошем ва бар зидди терроризму экстремизм муборизаи беамон ва бераҳмона барем!  

Шарипов Х.Ҳ

асисстенти кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ