ФИЛМИ “ХИЁНАТ” РАВЗАНАЕ БАРОИ ИФШОИ АСРОРИ АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ

Воқеан ҳам дар таърихи башарият кам бавуқӯъ омадааст, ки давлат ва ё миллате аз ҷониби шаҳрвандонё афроди худаш мавриди хиёнат қарор гирифта бошад. Дар ҳақиқат инсон дар асри нав бо тазодҳои аҷибе рӯбарӯ мешавад, ки аз коста шудани хирад ва афзун гардидани тамоюл бар мол дарак медиҳад.  Дар филми мустанади “Хиёнат” низ дар бораи чунин афроди молпарасту камшуур ва хоинпешаву виҷдонфурӯхта сухан меравад, ки бисёр ҳам филми диданиву ҷолиб мебошад.

Дар филми мазкур дар бораи хиёнаткориву разолат ва ақлбохтагии аъзоёни ТТЭ ҲНИ, роҳбари манфураш сухан меравад, ки барои тамошобин ва ҳар сокини кишвар як паҳлӯйи норавшан ва пинҳони наҳзатиёнро ошкор месозад.

Дар филм аз рӯтабоҳиву хиёнаткориву пулпарастии роҳбари террористи нҳзатиён М. Кабирӣ сухан меравад, ки чӣ хел ба хотири пул ҳатто дар ҷанозаи модараш ширкат накардааст, ки ин бисёр ҳам хислати пасти инсонӣ мебошад.

Ҳоло ҳамин гуна афрод мехоҳанд ҷомеаро фиреб дода, кишварро дубора мутеъ созанд, ҳаргиз чунин нахоҳад шуд. Зеро миллати тоҷик дигар он бесавод ва бехираду кундфаҳму зудбовар нест, ки ба ҳама сафсатаҳои наҳзатӣ бовар карда, тақдири худро ба бозӣ кашад.

Филми “Хиёнат” аз нақшаву барномаҳои пасипардагии наҳзатиён сухан меронад, ки инсонро дар тааҷҷуб меовард. Наход инсон то бад ин ҳад беномус ва пастфитрат бошад, ки бар ивази пул бар Ватанаш хиёнатро раво бинад?

Аз ҳамин лиҳоз метавон, филми мустанади “Хиёнат”-ро, ки аз 3 қисмат иборат аст, як равзанае барои ифшои асрори ниҳонӣ наҳзатиён номид.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ