ХУНРЕЗИҲОИ НАҲЗАТИЁН БАХШИДА НАХОҲАД ШУД

Он чӣ, ки имрӯз дар Аврупо мегузараду мардум гоҳо онро ба номи “амалкарди мухолифин” муаррифӣ мекунанд, хандаам меояд. Оё мешавад, гурӯҳе аз авбошону террористонро мухолифин номид?

Чанде аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ пас аз содир намудани амалҳои террористӣ дар кишвар ба хориҷи кишвар фирор намудаву дар он ҷо паноҳанда шудаанд ва дар ҳамон ҷо бо маблағгузории хоҷагони хориҷияшон созмони террористиеро ташкил додаанд, ки мақсаду маромаш амалӣ намудани барномаҳои террористӣ мебошад.

Воқеан ҳам наҳзатиён фикр кардаанд, ки мардум дигар онҳоро намешиносаду намедонад ва онон чӣ коре, ки хоҳанд мекунанд?

Оё ҷомеа аз ҷониби ТТЭ ҲНИ он ҳама даҳшат ва разолати ба сараш омадаро фаромӯш карда метавонад?

Шояд, аъзоёни ТТЭ ҲНИ, яъне наҳзатиён фаромӯш кардаанд, ки амалҳои авбошонаву террористии содиркардаи онон  дар солҳои 90-ум дар таърих ҳамчун рӯзҳои хунини миллат садсолаҳо аз ёд нахоҳад рафту ин миллат дигар душманашро нахоҳад бахшид.

Хиёнати наҳзатиён дигар бахшида нахоҳад шуду ин ҳама амалҳои кардаи наҳзатиён ҳамааш ҷавобгарӣ дорад. Ҳоло, ки наҳзатиён дар Аврупо истода ба иғвобарангезиву дасисабозӣ машғуланд, бар ин амалҳои нангини хеш низ ҷавоб хоҳанд гуфт. Зеро миллати тоҷик ҳаргиз душманони миллатро нахоҳад бахшид.

Хуни бегуноҳи миллатро он рӯзҳо наҳзатиён рехтанд, сари бегуноҳи шаҳрвандонро буриданд, модари тоҷикро хор карданд, ки ин гуноҳи бузург мебошад.

Саидов А.

омӯзгори ДКМТ