Дар чанд даҳсолаи охир бавуҷуд омадани созмону гурӯҳҳои террористӣ авзои сиёсии ҷаҳонро боз ҳам мураккабтар сохта, садди бузурге дар роҳи рушди ҳаёти ҷомеа гардидаанд. Ҳарчанд омилҳои дигаре низ ҳастанд, ки ин самт хала мерасонанд, аммо сабаби аслии монеа шудани созмонҳои террористӣ дар чист?
Дур намеравем, дар таърихи 29 солаи мустақилияту соҳибдавлатии худ бингарем, чӣ хел душманони берунӣ талош кардаанд бо истифода аз душманони худӣ далватдориву суботи кишвари моро зери суол баранд. Таъсис додани ТТЭ ҲНИ нақшаи махсуси душманони миллати тоҷик буд, ки мехостанд, ободиву осоиштагӣ ва давлатдории тоҷиконро барҳам зананд.Зархаридони наҳзатӣ ҳам ба хотири чанд танга дирҳами хоҷаҳои хориҷияшон ба лаб мӯҳри хомӯши зада кӯшиш карданд, то ҳар қадар метавонистанд бар ҷони миллат ҷабру зулмро раво бинанд, ки ин хиёнати басо бузургу нобахшиданист.
Аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар он замон чашмону виҷдони худро бо пул баставу кӯшиш кардаанд, то зиёдтар бар миллату ватани худ хиёнат намоянд ва ҳамон гуна, ки дар таърих ишора меравад, наҳзатиён хиёнати худро анҷом доданд, яъне барномаи душманони миллати тоҷикро амалӣ гардониданд. Онон ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар амалӣ карданд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург ва нобахшиданист. Ҷанги шаҳрвандиро, ки наҳзатиён ташкил карданд бар зарари миллати тоҷик буду хисороти зиёде ба бор овард, ки бахшида нахоҳад шуд.
Аз ҳамин лиҳоз мешавад наҳзатиёни палид ва манфурро, ки даст бар хиёнати бузург задаанду зиёда аз 160 ҳазор нафар шаҳрванди бегуноҳро ба қатл расонидаанд, душманони манқурт ва террористони баднафсу ҳайвонсират номид. Зеро наҳзатиён ба он амали нангине даст заданд, ки инсони солим ҳаргиз бар он даст намезанад ва ҳамин аст, наҳзатиёнро дар тамоми ҷаҳон имрӯз ҳамчун табоҳдилони ғафлатзада мешиносанд.
Аминҷонова М
омӯзгори ДКМТ