ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: МАРДУМИ БЕЛОРУС ГУМРОҲ ШУДААСТ!

Имрӯзҳо тавре,  ки аз ВАО бармеояд, мардуми кишвари Белорус ба майдонҳо баромада даст ба эътирозҳо мезананд, ки оқибати нек надорад. Зеро дар ин кишвари аврупоӣ ҳам, ки бештар мардум беасос даст ба эътирозҳо мезананд, имконияти амали гардидани сенарияи Украина мавҷуд аст. Зеро абарқудратҳо маҳз ба ҳамин хотир талош мекунанд, то мардумро ҳмчун қувва гумроҳ намуда, истифода созанд, то дигарон нафаҳманд, ки гап аз куҷо гузаштааст. Ин бозии абарқудратҳост, ки дар Украина анҷом доданду муваффақ низ шуданд.

Мо, омӯзгорони кафедра ба ҷавонон гуфтанӣ ҳастем, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, чунки хатари истифода шуданашон аз ҷониби бегонагон ба вуҷуд меояд.