Ҳарчанд маълум аст, ки ТТЭ ҲНИ худро солҳои аввал ҳомии дин меҳисобид, аммо дертар маълум шуд, ки раисон ва аъзоёни ин ҳизб динро ба хотири анҷом додани ҳадафҳои нопоки худ ва гумроҳсозии ҷомеа интихоб кардаанду амалу рафторашон бар хилофи дин мебошад. Ҳамон куштори бераҳмонаи наҳзатиён дар солҳои 90-ум ки шуморашон ба 160 ҳазор нафар мерасад, гувоҳ аст, ки наҳзатиён на ҳомии динанд, балки террористони омодакардашудае мебошанд, ки ҳадафашон инсонбадбинист.
Аз ин рӯ, мешавад, ТТЭ ҲНИ-ро, ки пайваста то мамнӯъ эълон шуданаш амалҳои террористиро анҷом медод, мактаби террористӣ номид.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори наҳзатиёни палидро комилан маҳкум намуда, бар онҳо шармат бод мегӯем!