ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ЧЕҲРАИ МАНФУРИ НАҲЗАТИЁНРО КУШОД

Воқеан ҳам пас аз тамошои филми мустанади “Хиёнат” инсон ба андеша меравад, ки чӣ тавр дар як шароити мудҳиш ва бисёр ҳам ногувор наҳзатиёни манфур аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар фикри кор кардани пули зиёд шудаанду даст ба хиёнат задаанд. Наход инсон то бад ин дараҷа дур аз тарбияву ахлоқи шоистаи инсонӣ бошад?

Дар филми мазкур, ки аз 3 қисм иборат аст, коргардон талош кардааст, бештар ба чеҳраҳои аслии душманони миллат, яъне хоинони ашадӣ таваҷуҳ намояд, ки воқеан ҳам як маводи хубест дар шинохти душман.

Ваҳшату разолат ва хиёнату одамрабоиву кушторҳои бемислу монанди наҳзатиёнро тамоми ҷаҳон имрӯз медонаду мегӯяд ва ҳарчанд хеле вақт гузаштааст, аммо то ба ҳол фаромӯш нашудааст ва миллат медонад, ки наҳзатиён бо чӣ шаклу шева дар он рӯзҳои мудҳиш ба ҷони сокинони бегуноҳ ҷабр карда буданд.

Наҳзатиён солҳои 90-ум нишон доданд, ки воқеан ҳам инсони бетарбия ва дилсиёҳ аз ягон роҳ намегардаду барои пул омода аст, аз тамоми муқаддасот ҳатто аз номи дин сӯистифода кунаду шикампарварӣ намояд. Маҳз ҳамин наҳзатиён буданд, ки аз номи дини ислом баромад карда, мардумро ба гумроҳӣ бурданду кишварро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашиданду имконияту иқтидори миллатро аз байн бурданд.

Имрӯз низ аъзоёни ТТЭ ҲНи дар сар ҳамин нуктаро мепарваранд, ки ин масъала аз нақли шоҳидон ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ хеле хубу равшан баён карда шудааст. Дар филми “Хиёнат” атрофи фаъолияти террористи рақами яки ҷаҳон М. Кабирӣ сухан рафта, аз фаъолиятҳои пасипардагияш мардумро огоҳ намудаанд, ки бисёр ҳам қисмати аҷиб аст. Зеро фақат аз ҳисоби хиёнат ва ҷосуси бар нафъи кишварҳои бегона М. Кабирӣ маблағ ба даст овардаасту нашармида боз амалҳои хиёнаткоронаву разилонаашро идома додааст, ки бисёр ҳам амали нангин мебошад.

Хулоса филми мустанади “Хиёнат”-ро метавон як навъ ифшогари асрори ниҳони наҳзатиёни пастфитрат ва хоин номид.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ