Ҳамин шабу рӯз, ки вазъияти геополитикӣ дар ҷаҳон муташанниҷ гардидааст, гурӯҳҳо ва созмонҳои инсонбадбин ва лӯхтаки бегонагон мехоҳанд аз ин ҳолат ба манфиати ифлоси худ сӯистифода созанд. Яке аз чунин ғуломи ҳалқабаргӯши фурӯхташуда Кабирӣ раиси ТТЭ ҲНИ мебошад, ки имрӯзҳо дар хизмати хоҷагони хориҷияш даромада, кӯшиш мекунад, то бар миллату давлати мо хиёнат кунад. Ҳарчанд аз аввали таъсис ва то ба имрӯз наҳзатиён пайваста бар миллати тоҷик хиёнат мекарданду нақшаву барномаҳои душманонаи хоҷагони хориҷияшонро, ки бар алайҳи миллат аст, амалӣ менамуданд, лек боз ҳам аз хиёнаткорӣ наҳзатиён даст накашидаанд.
Бо фирор намудан наҳзатиён ба хориҷи кишвар ниёзмандияшон бештар гардиду онҳо боз мутеъи хоҷагони хориҷии худ гардиданду боз душманиро бар зидди миллати тоҷик зиёдтар мекунанд, то дар арсаи байналмилалӣ обрӯву мақоми кишварро коҳиш диҳанд.
Кабирии малъун ва палид аз сардорони хоини наҳзатӣ мебошад, ки шабу рӯз бар алайҳи миллат мубориза мебарад ва ҳатто кӯшиш мекунад, то ҷавононро гумроҳ созад ва ҳамин аст, ки ин айём зери ниқоб баромад намуда, чеҳраи хоинонаи худро пинҳон кардани мешавад, то мардумро фиреб диҳад. Аммо дар асл, Кабирӣ душмани рақами 1 миллат мебошад ва инро ҳамагон хуб медонанд.
Мо, омӯзгорони донишкада ин рафтори нодуруст ва авбошонаи хоини миллат, террористи рақами яки дунё Кабириро маҳкум намуда, бар вай лаънат мехонем!