ИНТИХОБОТ ВА ЗАРУРИЯТҲОИ ИҶТИМОӢ

Албатта, имрӯзҳо дар мавриди аз ҷониби Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани санаи интихоботи президентӣ дар санаи 11 октябр баҳсҳо зиёд аст ва аксаран ин баҳсҳо бепоя ва беасос мебошад. Зеро баргузорнамудани интихобот дар санаи 11 октябр пеш аз ҳама аз ҷониби вакилон таъин гардидааст ва ин сабабҳои муҳим барои ҷамъиятро дорад. Чунки дар шароити феълӣ, ки ҷаҳонро пандемияи хатарнок фаро гирифтааст, қабл аз оғози марҳилаи тирамоҳии беморӣ гузаронидани чунин маъракаҳо ин пеш аз ҳама ба хотири саломатии ҷомеа мебошад.

Тавре, ки медонем авзои сиёсӣ низ бинобар сар задани пандемияи КОВИД-19 дар олам ба як мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ гардид, ки инро ҳамагон хуб медонанд ва ҳамарӯза мушоҳида менамоянд. Дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон чунин таҷрибаҳо мавриди истифода қарор мегирад, ки ин ҳам бошад ба хотири поймол нагардидани ҳуқуқи шаҳрвандон ва беҳдошти саломатии онҳо дар шароити кунунӣ мебошад.

Аммо иддае аз ба ном равшанфикрону ба ном сиёсатмадорон ба монанди Раҳматилло Зойиров ҳатто омода нестанд, ки ин ҳақиқатро қабул созанд ва барои ҷомеаро ба гумроҳӣ бурдан, имрӯзҳо ҳарза мегӯянд, ки дур аз воқеият мебошад.  Чунки дар ин шабу рӯзи вазнин ҳар як Маҷлиси Олӣ ё худ парлумон ҳуқуқ дорад, то барои баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ баҳри бехатарии саломатии ҷомеа тасмимҳо бигирад ва ҳамзамон адолати иҷтимоиро таъмин созад, ки ин  ба хотири поймол нагардидани ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Зоиров ва дигар ҳаммаслаконаш асло дар фикри беҳбуди ҳаёти мардум нестанд ва имрӯзҳо ба хотири ба гумроҳӣ бурдани ҷомеа ва аз ин ҳисоб худро муаррифӣ кардан баёнияҳои зидду нақиз менависанд, ки ин бисёр ҳам хандаовар аст. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамагон хуб медонанд, ки Р. Зоиров аслан дарки ҳақиқатро надорад ва ҳамеша ба хотири пешбурдани барномаҳои душманони миллати тоҷик фаъолият мебарад ва ин фаъолияташ низ ҳоло гумону шубҳароро зиёд кардааст ва ҳамон ақидае, ки миёни мардум чарх мезанад, ки гӯё Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон ячейкаи ТТЭ ҲНИ мебошад, имрӯзҳо ҳақиқати худро исбот кардаистодааст.

Зеро дар ягон баромаду изҳороташ Р. Зоиров ҳамчун раиси ин ҳизб бар ҷомеа хизмат намекунад ва ҳамеша мақсаду маромаш ҳам ин душманӣ бар миллат мебошад, ки ин хеле хуб мушоҳида мешавад ва бояд мақомоти дахлдор сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоянд.

Аз ин рӯ, ба сокинони кишвар муроҷиат карда гуфтани ҳастем, ки ба ҳарзаҳои Р. Зоиров таваҷҷуҳ накунанд ва вақти беҳудаи хешро ба сафсатаҳои ӯ зоеъ насозанд, зеро ӯ ҷунуние дар олами сиёсат мебошад ва ниёз ба равондармонӣ дорад.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ