Дар ҷавонӣ саъй кун гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз ниҳоли навбар аст.
А. Ҷомӣ
Масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи пос доштани таъриху фарҳанг ва арзишҳои ахлоқиву маънавии миллӣ диққати ҷиддиро талаб мекунад.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе падару модарон ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии фарзандон бетарафӣ зоҳир менамоянд. Гузашта аз ин ба поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои ҷавондухтарон дар таъминоти таҳсилоти баробар роҳ медиҳанд.
Ҷунин муносибат сабаб гардидааст, ки иддае аз ҷавонон аз таҳсилу касбомӯзӣ дур монда ба амалҳои ношоиста даст мезананд.
Кам аҳамият додан ба ин масъалаҳо боис шудааст, ки иддае аз ҷавонони сустирода ва аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор бо иллати бекорӣ ва бешуғлӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, эътибору обрӯи кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст зада истодаанд.
Дар рушди илму фарҳанг, маданият ва ҷомеа саҳми ҷавонон бузург аст, бинобар ин ба таълиму тарбияи ҷавонон диққати ҷиддӣ бояд дод. Тавре Президенти кишвар изҳор доштанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.
Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррасе мегузоранд.
Ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон зарур мебошанд.Президенти мамлакат дар ҷараёни ироаи Паём таъкид намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.Ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёкорӣ равона созанд”.
Ягона роҳе, ки ҷавонон ва миллатро пеш мебарад, ин дониши хуби онҳост. Яке аз беҳтарин муқаддасоте, ки инсонро ба дунёи рангин ворид мегардонад, ин китоб аст. Китоб, ки сарчашмаи донишу хирад аст, метавонад, ҳама касро ба пешравиҳо ноил гардонад. Дар ҷомеае, ки китобу китобхон набошад, он ҷо мисоли хонаест, ки чароғ надорад. Аслан дар ҳама кишвару давлатҳо ҷавонон нақши асосиро мебозанд, аз ин рӯ ояндаи ҳама кишварҳо ҷавонон ба ҳисоб мераванд.
Ҷавонони кишвар аз ҳар Паёму мулоқотҳои Пешвои миллатамон сабақи судманд гирифта, дар роҳи ба ҳаёт татбиқ кардани он ҳамеша садоқату фидокорӣ зоҳир мекунанд.
Аммо имрӯз чун мебинӣ, ҷавонон даст ба амале мезананд, ки ба ҳоли онҳо афсӯс мехӯрӣ ва дилат ба дард меояд. Аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ дар байни ҷавонон бонги изтироб мезананд. Коста гардидани ахлоқи қисме аз ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун воситаи муассири танзими ҳаёти ҷавонон ва пешрафти ҷомеа бояд дар самти бартараф намудани монеаву масъалаҳои ҷойдошта нақши ҳалкунанда дошта бошанд.
Нурматова М.Р.
ассистенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ