ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: КАБИРӢ ИҒВОБАРАНГЕЗӢ МЕКУНАД!

Ҳарчанд маълум аст, ки наҳзатиёни палид ва хоин имрӯзҳо дар хориҷ зери роҳбарии М. Кабирӣ яке аз палидтарин ва ифлостарин душмани миллати тоҷик, террористи №1 фаъолияти хоинона мебаранд, аммо набояд фаромӯш кард, ки хоин ва хиёнаткори аслӣ ҳамин Кабирист.  Чанд рӯзи охир тавассути барномаҳои авбошонаву хоинонааш мардумро ба гумроҳӣ бурданӣ шуда, сафсата мехонад ва ҳатто байни мардум ҷудоиандозӣ мекунад, ки ин бисёр хиёнати вазнин аст.

Ҳоло дар суханрониҳояш Кабирӣ мардумро таҳқир намуда ба забону адабиёти мо ҳамла менамоянд, ки ин хиёнат ва амали нобахшиданист. Зеро як авбош ва террорист ҳуқуқи маънавии дар бораи забону адабиёти миллат сухан гуфтанро надорад ва бояд, ки аз миллат барои ин суханони ноҷояш узр бипурсад. Мефаҳмем, ки ба хотири хоҷагони хориҷияш чунин суханони нодурустро мегӯяд, то насли ҷавонро гумрох созад, аммо ҳақиқат ин аст, ки ягон сухани гуфтаи вай нисбати забон дуруст нест.

Мо, устодони кафедра ин рафтори нодуруст ва суханронии нодурусти Кабириро маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!