Тавре, ки маълум мешавад, аъзоёни ТТЭ ҲНИ душманони миллати тоҷик хоинони миллати тоҷик наҳзатиёни манфур ва касиф имрӯзҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ аз қонун гурехта дар кишварҳои Аврупо зиндагӣ мекунанд ва аз ҳамон ҷо бар алайҳи миллат мубориза мебаранду кӯшиш мекунанд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд.
Ҳамагон хуб медонанд, ки ҳар моҳ миллионҳо доллар ба суратҳисоби наҳзатиён аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон ирсол мегардад, то бар алайҳи миллати тоҷик мубориза баранду ҷавононро ба гумроҳӣ баранд, ки ин хиёнати рӯирост мебошад. Наҳзатиён нону оби ин миллатро чашиданду бар алайҳи миллат ҷангиданд, ки ин бисёр ҳам хиёнати нобахшиданист.
Мо, устодони кафедра ин рафтори душманони миллатро маҳкум намуда, марг бар хиёнаткорон мегӯем!