ХИЁНАТИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ДАР ФИЛМИ “ХИЁНАТ”

Имрӯзҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ хориҷ аз кишвар чандин созмони ифротиро таъсис додаанд, ки мақсаду маромашон мубориза бар алайҳи миллати тоҷик мебошад. Ҳоло наҳзатиён дар Аврупо бо сармоягузории хоҷагони хориҷияшон талош мекунанд, то ҳар чӣ зиёдтар бар алайҳи миллату давлати тоҷикон мубориза баранд ва ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд.

Чанде қабл дар бораи фаъолияти хоинонаи наҳзатиён филми мустанади “Хиёнат” манзури тамошобинон гардонида шуд, ки дар он тамоми паҳлӯҳои фаъолияти хоинонаи наҳзатиён ва роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ бозгӯ шудааст, ки як таърихи навро ифшо месозад. Воқеан ҳам дар филм созандагон талош варзидаанд, ки аз шоҳидони ҳол мусоҳиба оваранд, ки ин боз ҳам хоиниву хиёнаткорӣ ва авомпеша будани наҳзатиёнро ифшо намуд.

Филми мустанади “Хиёнат” аз се қисмат иборат буда, бештар паҳлӯҳои норавшани ба ном “рӯзноманигон”, “ватандӯстон”, “коршиносон” ва “фаъолони ҷамъияти”-и наҳзатиёнро, ки дар асл бо мақсади гумроҳ кардани ҷомеа фаъолият мебаранду аз ҳисоби кишвари ба мо маълум сармоягузорӣ мешаванд ба тамошобинон маълум сохт. Дар чунин шароите, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо фирор намудан ба хориҷ имрӯзҳо хиёнаткории худро бо роҳҳои дигар ҷоннок намудаанд, филми “Хиёнат” барои ҳамватанонамон як ҳуҷҷат барои шинохти наҳзатиён гардид. Дар филми мазкур бисёр ҳам ошкоро дар бораи фаъолияти душманонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва хоинони миллати тоҷик маълумотҳо оварда шудааст, ки пас аз ин фано шудани наҳзатиён бармалотар шуд. Даъвои онро ки наҳзатиён бештар худро ҷабрдидаву беватан мегирифтанд,  беасос буданашро дар филми мазкур бисёр ҳам хуб мушоҳида намудан мумкин аст. Дурӯғи наҳзатиёнро, ки худро ҷабрдида ҳисобида, зери ниқоб фаъолият мебурданд, ошкор сохт. Бо як ибора метавон гуфт, ки акнун фанои дурӯғи наҳзатиён аёнтар шуд.

Шикасти ниқоби наҳзатиён воқеан ҳам барояшон ғайриинтизор буд, лек ҳоло дигар ҳандалак аз бағали Кабирӣ афтиду хоб аз сараш парид. Ифшои розҳои нуҳуфтаи Кабирӣ барои ҳамагон ногаҳонӣ буд ва ҳамин аст, ки имрӯзҳо наҳзатиён дар шигифтанду намедонанд ба хоҷагони хориҷияшон чӣ ҷавоб диҳанд?

Оё ин ҳама ман-маниҳои наҳзатиён ҳамааш барои хоҷагони хориҷияшон будааст?

Дареғо, ки номи одамӣ бар ин наҳзатиён гузоштаанд, лек афсӯс, ки имрӯз ин мардсимоҳои занмиҷози наҳзатӣ номи инсониро ҳам ҳайф карданд. Наход инсон аз барои пул ба Ватану миллат ва давлаташ хиёнат кунад?!

Қайд кардан зарур аст, ки наҳзатиён дигар обрӯяшон рехту сирри муҳимашон, ки чандин даҳсолаҳо пинҳон медоштанд, ошкор шуд.

Аз ин рӯ, дар охир илова карданием, ки хиёнаткориву хоинии наҳзатиён имрӯз ошкор гардидааст ва барои кадом хоҷаи хориҷӣ кор карданашон ҳам фош шудааст, ба ҳамин далел ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, худро эҳтиёт намоянд.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ