Инсон бояд шарафи инсонӣ ва рафтори одамии хешро ҳаргиз фаромӯш насозад, зеро дар сурати баръакс инсон ба ҳайвон ва махлуқи инсонсурат табдил меёбаду халос.
Имрӯзҳо наҳзатиён ба чунин як махлуқ табдил ёфтаанд, ки ба хотири пулу мол ва наф номи инсонии хешро ҳам фаромӯш кардаанд.
Дар чанд даҳсолаи охир аксарияти созмонҳои террористӣ-экстремистӣ, тарве ки аён аст аз як шохаи махсус маблағгузорӣ мешаванд, ки бисёр ҳам шакли нодурусти мубориза бани қудратҷӯён аст. Имрӯз бе ягон мушкил метавон номбар намуд, ки кадом кишвар ба кадом созмони террористӣ маблағ гузаронидааст, ки инро албатта дар сафҳаи интернет пайдо намудан мумкин аст.
Яке аз кишварҳои ба мо маълум ба созмони террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ҳамасола миллионҳо доллар мегузаронидааст, ки ин бисёр ҳам амали нодуруст ва нобахшиданист.
Аз ҷониби дигар ин созмони террористии наҳзатиён бо гирифтани и н пулҳо бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебарад, ки ин хеле хиёнати бузург мебошад.
Чаро аъзоёни ТТЭ ҲНи аз рӯзи нахустини пайдоиш то ба ҳол бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд?
Ҷавоб бар ин суол ҳамоно хеле барвақт маълум шуда буд, ки наҳзатиёнро хоҷаҳои хориҷияшон муздур ва ғулом кардаанд, ки дигар фақат бо ишораи хоҷагони хориҷияшон лаб во мекунанд ва ин аст, ки ҳамеша бар алайҳи миллат мубориза мебаранд. Яъне, наҳзатиён ғуломи хоҷаи хориҷияшон гардидаанд.
Албатта бар ивази пул хиёнат кардан бар халқу ватан ва давлат ин амали нобахшиданист ва хиёнаткорони наҳзатӣ, ки имрӯз даст ба чуни амалҳо задаанд ҳаргиз бахшида нахоҳанд шуд.
Некварз Маҳмудзода
омӯзгори ДКМТ