Дар ҷаҳони муосир махсусан дар кишварҳои рӯбарушд зиёд шудани сафи гурӯҳҳои ифротӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ки ин масъала аз чанд ҷиҳат нигаронкунанда мебошад. Зеро омилҳои ифротшавии ҷавонон хеле ноқис ва дар назар камбасомад менамоянд, аммо ба ҳар ҳоле набошад имрӯз дар майнаи ҷавонон таъсири худро гузоштааст, ки зиёд шудани созмонҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ бар пояи дину мазҳаб далели ин гуфтаҳост.
Қайд кардан зарур аст, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири пешгирӣ намудани чунин омилҳо талош меварзад ва як қатор тадбирҳо аз ҷониби давлатҳо андешида шудааст, аммо рӯз аз рӯз тағйир ёфтани вазъият ҳамоно хатари ифротгароёнро аёнтар мегардонад.
Омили аслии гаравидани ҷавонон ба созмони террористии “Давлати исломӣ”-ро коршиносон дар радикализатсияшавии ҷавонон маънидод менамуданд, ки то ҷое ҳақиқат дорад. Зеро радикализми динӣ новобаста ба кадом дину мазҳаб набошад, хатарнок аст ва бояд пешгирӣ карда шавад.
Масъалаи дигар ин гумроҳсозии ҷавонон аз ҷониби созмонҳои чапгаро ё худ ифротӣ мебошад, ки ин омил ҳам бояд дар ҳар шакле набошад, пешгирӣ карда шавад. Чунки ҷомеа бояд дар шароити солим ва арзандаву орому босубот зиндагӣ намояд ва худро зери хатар нагузорад ва пеш аз ҳама дар ин кор худи мардум бояд эҳтиёткор бошад.
М. Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ