Шанбегии дастаҷаъмона дар ДКМТ
Баҳри тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи донишкада ва дастури МИҲД-и вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон оид ба ташкилу гузаронидани 1300 рӯзи зарбдори ободонӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25.07.2020 дар ҳудуди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва кӯчаҳои шаҳр шанбегии умумӣ аз тарафи ҳайати омӯзгорону кормандон баргузор гардид. Дар ҳашари умумӣ омӯзгорони факултетҳо ва кормандони шуъбаю сохторҳо ва қисми хоҷагӣ фаъолона ширкат варзида, кӯчаву хиёбон ва саҳни бинои донишкадаро тозаву озода намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар шанбегии имрӯза ректори донишкада дотсент Фозилзода М.М. ширкат намуда дар ҷараёни тамизкорӣ бо кормандон ва ҳозирин ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободиниву созандагӣ дар донишкада машварат намуда, ба ҳозирин изҳори сипос нкамуданд. Тавре, ки ректори донишкада Фозилзода М.М қайд намуданд, ободу зебо гардонидани як гӯшаи Ватан туҳфаи арзандаи мо баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз бояд, ки шарафмандона саҳмгузорӣ намоему ин рӯзро таҷлил намоем.
Дар натиҷаи ҳашари дастаҷамъонаи имрӯза атрофи бинои донишкада, як қатор кӯчаву хиёбонҳо тамизкорӣ шуданд, ки ба шаҳр ҳусни тоза зам намуд.
Шуъбаи иттилоот