Ҳоло маълум гардид, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ душманони миллати тоҷик, имрӯзҳо аз ҷониби кишвари ба мо маълум сармоягузорӣ мешаванду бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд. Тавре, ки медонем, аъзоёни ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо мехоҳанд, ки обрӯву мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш диҳанду ба ҳамин восита миллатро гумроҳтар намоянд.
Ҳоло аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири гумроҳтар намудани ҷомеа бо маблағгузори хоҷагони хориҷияшон чандин сомонаҳои ифротиро таъсис додаанд, ки аз хориҷи кишвар истода иғвобарангезиву дасисабозӣ менамоянд, то ҷомеаро гумроҳ созанд. Аммо дар асл бошад, ин наҳзатиёни палид душманони миллати тоҷик мебошанд, ки ба хотири хиёнат ва душмани бар миллати тоҷик аз хоҷагони хориҷияшон маблағ мегиранд.
Мо, устодони кафедра ин рафтори душманони миллатро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!