ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: НЕСТ БОД ХИЁНАТКОРӢ!

Ҳамагон шоҳид шудем, ки чӣ тавр наҳзатиён аз рӯзи аввали таъсиси ҳизбашон то ба имрӯз бар алайҳи миллат ҷангидаанду хиёнаткорӣ кардаанд. Он чӣ дар филми мустанади “Хиёнат” ба намоиш гузошта шуд, бори дигар исбот намуд, ки наҳзатиёни палид, аъзоёни ТТЭ ҲНи душмани миллати тоҷик ҳастанд.

Воқеан ҳам инсон ба  ҳайрат меояд, ки чӣ тавр наҳзатиён, ки худро тоҷик меҳисобанд,  душмани миллати тоҷик гардидаанд. Дертар маълум мешавад, ки нафспарварони наҳзатӣ ба хотири пул омода будаанд, то ба ақрабои худ зану фарзанди худ хиёнат кунанд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори нодуруст ва хиёнаткории наҳзатиёнро маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!