Тарве, ки аз тамошои филми “Хиёнат” бароямон маълум гардид, душманони миллати тоҷик хиёнаткорони наҳзатӣ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва фиреб додани миллат, имрӯзҳо аз ҳисоби пули хоҷагони хориҷияшон дар Аврупо зиндагӣ намуда, ҳамарӯза барои гумроҳ кардани ҷомеа талош меварзанд ва барои ин чандин сомонаҳои ифротиро таъсис додаанд, ки матлабҳояш ифротист.
Дар филм бисёр ҳам кушоду равшан дар бораи хиёнатҳои аъзоёни ТТЭ ҲНИ бар миллату давлат ва раиси ватанфурӯши он М. Кабирӣ далелҳо ва арқоме оварда шудааст, ки ба як бор дидан касро ба ҳайрат меоварад. Наход инсон ба ватани худаш хиёнат кунад?
Аммо ҳамон гуна, ки маълум аст, аъзоёни ТТЭ ҲНи инсон нестанд ва бар ивази пул омодаанд бар ҳама наздиконашон ҳам хиёнат кунанд.
Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!