Дар ҳақиқати он ҳаводисе ки дар филми мустанади «Хиёнат» аз аъмоли наҳзатиёни манфур дидем, бори дигар симои номардона, ватанфурӯшонаи Кабириро, ки солҳои навадум ватани моро ба доми ҷанг кашида, сабабгори кушта шудани даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ, ятим мондани садҳо ҳазор тифлон, хонавайрон шудани ҳазорон бонувон гардида буд, боварӣ ҳосил намудем, ки дар ҳақиқат хиёнаткор асло одам намешавад. Бояд қайд намоем, ки наҳзатиён ҳамон хоиноне ҳастанд, ки худро ҳомии дини ислом эълон намуда, аз дин сӯистифода намуда, бар алайҳи гуфтаҳои ислом амал мекарданд.
Тарве, ки медонем Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сарҷамъ намудани халқи тоҷик, барои пойдории сулҳу суботи ватан ҳамаи гуноҳҳои собиқ ташкилоти террористии ҲНИ-ро бахшид, ба онҳо вазифаҳои баланд дод, онҳоро парварид, аммо баъд аз гузашти чанд сол аъзоёни ТТЭ ҲНИ бори дигар исботнамуданд, ки онҳо дар ниҳодашон хоинӣ ва хиёнаткорӣ ҷористу наметавонанд ором бишинанд.
Инро мо дар мисоли ҳодисаи соли 2015 мебинем, ки Кабирӣ бо роҳнамоӣ ва ҳидояти пуштибононаш мехост дар ин сол бори дигар ватани моро ба хун оғушта сохта, зимоми давлатдориро ба дасти худ бигирад, ҳокимиятро ғасб кунаду миллатро сарсон намояд. Кабирӣ мехост ҳазорон одамони бегуноҳ кушта шаванду Тоҷикистон мисли Сурияву Ироқ хароб гардад. Вале хушбахтона, тирашон ин дафъа низ хок хӯрд. Ҳеҷ кас онҳоро дастгирӣ накард. Зеро халқи тоҷик хоҳони сулҳ аст ва ҳаргиз бадиву хунрезиро қабул надорад. Дигар мардуми Тоҷикистон шинохтанд, дарк намуданд, ки ки Кабирӣ кисту наҳзатиён кистанд?!
Он чӣ ба мо маълум аст, собиқ ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ошкор намекард, ки дар хориҷа пуштибон дораду барои онҳо кор мекунад ва ба ҳамин далел бо ҳар баҳона худро ҳомии мардум нишон доданӣ шуда, аз номи дин баромад мекарданду ба авомфиребӣ пардохт.
Ҳоло Кабирӣ, роҳбари фирории ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом баъд аз ҳодисаҳои 15-уми сентябр аз ватан фирор карда, дар кишварҳои бегона дур аз ватан боз сафсатафурӯшиҳо намуда, худро мусичаи бегуноҳ вонамуд карданӣ мешавад, ки дигар фоида надорад. Чунки акнун миллати тоҷик шинохт, ки ин наҳзатиён палид ва авбаш кистанд? Миллат акнун донист, ки Кабирӣ террористӣ кадом шабакаи террористӣ асту худро сафед карданӣ шуда, чӣ хел нақш мебозад?
Кунун роҳбари террористони наҳзатӣ Кабирӣ мехоҳад бо ҳар роҳу восита ақидаи ҷомеаи ҷаҳониро нисбати Тоҷикистон дигар созад, худро ҳомии дини ислом вонамуд кунад, нишон диҳад, ки маҳз барои пуштибонӣ аз ислом мавриди таъқиб қарор гирифтааст ва ғайраву ва ҳоказо, ки дар асл ягон ҳақиқат надораду имрӯз ё фардо ҳатман аз Аврупо ҳам бадарға хоҳад шуд. Зеро аллакай амалҳои террористиро наҳзатиён дар Аврупо нақшакашӣ кардаву ба даст афтоданд, ки ишорае барои мардуми Аврупо буд, ки бояд донанд, ки табиати ин наҳзатиён хоиниву инсонбадбинист ваа ҳатман рӯзе бар Аврупо ҳам хиёнат мекунанд.
Борҳо гуфтаем ва боз ҳам мегӯем, ки Кабирӣ ва ҳамтоёнаш бадхоҳони миллатанд, онҳо нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанду ин ҳама саодати миллат, пешрафти кишварро дидан намехоҳанд ва барои ин албатта хоҷагони хориҷияшон ҳам дар талошанду онҳоро маблағгузорӣ мекунанд. Аммо ҷомеа набояд, фаромӯш созад, ки давидани ин рӯбаҳони пошикаста дар роҳи сиёсат як хобу хаёли хом асту халос. Зеро на Кабирӣ ва на дигар палидони наҳзатӣ наметавонанд дар ин замини мо қадам гузоранд.
Некварз Маҳмудзода
омӯзгори ДКМТ