Аз 17 августи соли равон дар Тоҷикистон соли таҳсили 2020-2021 шурӯъ мешавад. Дар ин бора Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Зарурати моҳи август оғоз гардидани соли нави хониш имсол ин пеш аз муҳлат ба таътил равон намудани хонандагони мамлакат мебошад, ки сабаби он эълон шудани пандемия буд», — афзуд вазири маориф ва илм.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи кори Вазорати маориф ва илм дар нимсолаи якуми соли 2020 моҳҳои феврал ва марти соли равон вазъи таълиму тарбия, сифати таҳсилот, азхудкунии барномаҳои таълимӣ, таҳияи нақшаи кори солона ва масъалагузорӣ бо назардошти фарогирии паҳлӯҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, вазъи таъмин бо китобҳои дарсӣ, ҳолати корҳои тарбиявӣ, ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ ва толору майдончаҳои варзишӣ, фаъолияти хадамоти методӣ ва гурӯҳи назорати сифати таҳсилот ва назорати дохилимактабӣ дар мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидошта мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки рушди устувори соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузории он вобастагӣ дорад. Хароҷоти соҳаи маориф дар соли 2020 барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 299 млн. 223 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти умумӣ 2 млр. 838 млн. 590 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ 75 млн. 499 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ 222 млн. 365 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти олии касбӣ 781 млн. 516 ҳазор сомонӣ ва барои дигар хароҷотҳо 787 млн. 460 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар соли 2020 барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии мамлакат аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ маблағи 2 млрд. 760 млн 109 ҳазору 743 сомонӣ ҷудо гардид, ки ин нисбат ба соли гузашта 13,5 % зиёд мебошад.
Ҳамчунин бо мақсади гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ захира намудани 52 ҳазору 772 тонна ангишт, 51452 м3 ҳезум ва 108506 литр сӯзишвории нафтӣ ба нақша гирифта шудааст.
khovar.tj