ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: НАҲЗАТИЁНИ МУЗДУР ЧАРО ДУРӮҒ МЕГӮЯНД?!

Равшанфикрон ва зиёиёни мамлакат Субҳиддин Зиёев, ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ , номзади илмҳои филологӣ, Ардамеҳр Ашӯров, ходими калони илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, Парвиз Баҳриддинзода, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, Кайхусрави Субҳонзод, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, Хайрулло Раҷабов, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ дар матлабе бо номи “Муроҷиатнома ба Кабирӣ – Кобра, Муҳаммадиқбол-Муҳаммади беиқбол, Мирзои Салимпур – ноздонаи ҷонона (вокуниш ба Нидои миллат – филми мустанади “Хиёнат”)” аз тавтеандозиву фитнакории наҳзатиён ёдрас шуда, дурӯғҳои аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро барои рад кардани ҳақиқати далелҳои филми “Хиёнта” дубора исбот намудаанд, ки бисёр ҳам қобили эътимод мебошад.

Маҳмадиқболи Садриддин, ки бисёртар ҳамчун наҳзатии террорист шинохта мешавад, кӯшиш кардааст, то ҳақиқатро ба навъе инкор намояд, аммо натавонистааст, зеро ҳақиқат ҳамеша ҳақиқат мебошад. Ба ҳамин хотир ба ҳазёнгӯиву туҳмат пардохтааст, ки мазҳакаро ба ёд меорад.

Он ки М. Кабирӣ ва Мирзои Салимпур дар ин масъала зиёд мегӯянд, аммо як далели кофӣ надоранд, ки инро исбот созанд, бисёр ҳам хандаовар мебошад. Охир он чӣ дар филми “Хиёнат” нишон дода шуд, ҳамааш далелу санад буд ва ҳақиқати бебаҳс буд, ки дигар барои наҳзатиён ҷойи ҷунбидан намонду обрӯяшон дар пеши халқи ҷаҳон рехт ва инро шикасти наҳзатиён гуфтан ҳам дуруст мебошад.

Мо, устодони кафедра ин рафтори душманони миллат, наҳзатиёни палидро комилан маҳкум намуда, бар ҳама наҳзатиён лаънат мехонем!