ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ХИЁНАТКОРОНРО ФОШ НАМУД!

Албатта филми мустанади “Хиёнат”-ро як санади таърихӣ ва муҳим барои ҷамъият ҳам шуморидан аз ҳақиқат дур нест, зеро дар филм созандагон талош кардаанд, то бо далелҳои амиқ ва дақиқ симои хиёнаткорону душманони миллатро бозгӯ намоянд, ки бисёр ҳам хизмати бузург мебошад.

Аз хиёнату разолати аъзоёни ТТЭ ҲНИ гуфтан ва онро исбот намудан, хеле кори осон нест ва ин ки имрӯз филмсозони мо парда аз чеҳраи аслии наҳзатиён бардоштанд, воқеан шоситаи таҳсин аст, вале ин кор албатта имрӯз наҳзатиёни палид ва манфурро б аташвиш овардаасту нороҳат намудааст, ки хоб аз сарашон паридааст.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро коршиносон инъикоскунандаи ҳақиқати таърих ҳисобида, онро рушангари симои террористон, хоинони Ватану миллат, аз ҷумла  Кабирию пайравонаш мегӯянд, ки сад дар сад саҳеҳ мебошад. Чунки қаҳрамонҳои филми мазкур ҳамагӣ сурату сирати аҳриманӣ дошта, дур аз инсону ҷамъияти инсонӣ будани наҳзатиёнро ошкор сохт. Дар филмнома ботини наҳзатиён ифшо карда шудааст, ки бисёр ҳам як ҳуҷҷати таърихӣ дар шинохти хоинони миллат мебошад.

Мо, омӯзгори кафедра ин рафтори пасту ғайриинсонии наҳзатиёнро, ки дидаву дониста бар Ватану миллат хиёнат намуданд, маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!