Пас аз нашри филми мустанади “Хиёнат” , ки ҳамчун як санади таърихӣ асноди марбут ва хиёнаткории аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва раиси он М. Кабириро ифшо намуд, тамоми наҳзатиён ва наҳзатпарастонро ба ташвиш афтоданд. Зеро аъзо ва пайравони ТТЭ ҲНИ умед доштанд, ки як умр бо дурӯғу фитнаандозӣ мардумро гумроҳ намуда, зери шиорҳои бардурӯғ нони худро ба равған зада мехуӯранду бар Ватан ва миллат хиёнат кард. Аммо филми мустанади “Хиёнат” ин сенарияи наҳзатиёнро барбод доду ҳақиқати онҳоро ифшо намуд ё худ парда аз розҳои пинҳон бардошт, ки як зарбаи сахт бар аъзоёни ТТЭ ҲНи буд ва ё ба таври дигар гӯем филми мазкур сутунмӯҳраи фитнаву хиёнатро шикаст.
Ҳамин аст, ки як қатор равшанфикрони кишвар аз ҷумла Субҳиддин Зиёев, ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ , номзади илмҳои филологӣ, Ардамеҳр Ашӯров, ходими калони илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, Парвиз Баҳриддинзода, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, Кайхусрави Субҳонзод, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, Хайрулло Раҷабов, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ дар матлабе бо номи “Муроҷиатнома ба Кабирӣ – Кобра, Муҳаммадиқбол-Муҳаммади беиқбол, Мирзои Салимпур – ноздонаи ҷонона (вокуниш ба Нидои миллат – филми мустанади “Хиёнат”)” он ҳама ҳақиқати наҳзатиёнро дубора бо асноди таърихӣ исбот намудаанд, ки бисёр ҳам муроҷиатномаи зарурист. Филми мустанади “Хиёнат” воқеан ҳам шоҳкори эҷодкорон ва филмофарони “Тоҷикфилм” мебошад, ки хизмати бузурге барои миллат арзёбӣ мешавад. Он ки имрӯз наҳзатиён офарандагони филмро ба кадом мақомоту муассисаи дигар рабт медиҳанд як ҳарзае беш нест. Аммо дар ин асно кори филмофарон ва ҳуҷҷатнигорони “Тоҷикфилм” шоистаи таҳсин аст. Зеро филми мазкур ҳақиқати талхро фош намуд, ки имрӯзҳо хоб аз сари наҳзатиён паридааст.
Мо, омӯзгорони кафедра муроҷиатномаи равшанфикрон ва аҳли зиёи кишварро комилан дастгирӣ намуда, тарафдори боз ҳам шармандаву рӯтабоҳ шудани душманону хоинони миллати тоҷик ҳастем. Мо, бар ҳама наҳзатиён ва дигар наҳзатпарастон, ки имрӯз бар алайҳи миллат мубориза бурда, хиёнат карданӣ ҳастанд, лаънат мехонем!