ДАР СУХАН ГУФТАН ХАТОИ ҶОҲИЛОН ПАЙДО ШАВАД

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо дар гӯшаву канори олам  ҷой гирифта, ба хотири  аз байн бурдани  суботу ваҳдати миллати тоҷик талош мекунанд ва барои ин нияти нопокашон бо чандин созмонҳои террористиву экстремистӣ ҳамкорӣ барқарор намудаанд, ки бисёр ҳам хатарнок мебошад. Аммо ин наҳзатиёни хиёнаткор ва авбош бо макур ҳилла зери ниқоб даромада худро ҳамчун “ватандӯст”-у “миллатдӯст” вонамуд кардани мешаванд, ки бисёр хандаовар мебошад. Зеро миллат аллакай душманони наҳзатиро аз тарзи суханронияшон мешиносад, ки ин зоғони шумхабари наҳзатӣ душмананду бардурӯғ худро ҳамчун дӯст муаррифӣ мекунанд, бештар иғвобарангезиву дасисабозӣ намоянд.

Аммо шоири бузург дар шинохти наҳзатиён ва палидону ғуломони пулу мол, ки омодаанд бар ивази пул ҳамсарони худро ҳам ба хоҷаҳои хориҷияшон бидиҳанд, гуфтааст:

Дар сухан гуфтан хатои ҷоҳилон пайдо шавад,

Тир каҷ чун аз камон берун равад, расво шавад.

 

Яъне, расвогиву палидии наҳзатиёни манфур ва ҳаромзода имрӯзҳо  дар сухану рафторашон низ ҳувайдост, маълум аст, ки наҳзатиёни манфур ҳатто заррае ҳам дӯсту ғамхори миллат нестанд ва баръакс мехоҳанд бо суханбозӣ ба боварии ҷомеа даромада онҳоро гумроҳ созанду ғуломи хоҷаҳои хориҷияшон гардонанд.

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ҳамин шодиву суруре, ки имрӯз бо баракаи сулҳу ваҳдат бар миллат расидааст онро аз байн баранд. Наҳзатиёни муздур ва ҷоҳил ҳатто ба хотири супориши хоҷаҳои хориҷияшон дар давраи барои миллат басо мушкил, яъне зуҳури коронавируси нав кӯшиш мекарданд, то дар ин рӯзҳои душвор миллатро гумроҳ намудаву бо маълумотҳои бардурӯғ айши миллатро талх созанд. Ҳатто пойи коронавируси нав ба кишвар нарасида буд, ки ин наҳзатиёни разил  ба хотири ба таҳлука афтонидани ҷомеа ахбори бардурӯғ ва бофтаву сохтаашонро нашр намуда, миллатро ба ғаму ғусса гирифтор кардани мешуданд, ки бисёр ҳам ин хислати паст мебошад. Ва албатта ин рафтор як хиёнати бузург низ ҳаст, ки дар он рӯзҳо бараъло мушоҳида мешуд. Беҳтар аз дар муроҷиат  ба наҳзатиёни манфур ва палиду авбош аз забони шоир  сухан кунем, то чашмҳои торику қалби табоҳи наҳзатиён огаҳ шавад:

Ғамгин макун, агар накуни шод хотире,

Гар марҳами диле нашавӣ, нештар мабош.

 

Бале, ин наҳзатиён бояд ба хотири гумроҳ накардани ҷомеа ва ба хотири нештар назаданашон ҳадди ақал дар ҳамон рӯзҳои вазнин даст аз дасисабозиву иғвобарангезияшон мебардоштанд, лек тавре ки дидем аъзоёни ТТЭ ҲНИ баракс бар алайҳи миллат меҷангиданду дар масири гумроҳсозии ҷомеа қадам мезаданд, ки хушбахтона муваффақ нашудунд.

Ба ҳар ҳол бояд  сокинони кишвар дар шинохти наҳзатиёни манфур ва палид ба хато роҳ надиҳанд ва фирефтаи суханони он палидон нагарданд!

Некварз Маҳмудзода

омӯзгори ДКМТ