НАҲЗАТИЁН ТЕРРОРИСТОНИ ҒАДДОР

Агар як тарафи инсон ахлоқ бошад, тарафи дигараш ақлу хирад мебошад, ки барои мукаммал гардидани инсон мусоидат менамояд. Аммо аз чӣ бошад, ки баъзан инсонҳо аз ин ду меҳвари аслӣ дур мемонанд ва даст ба коре мезананд, ки аз ин ду дур аст ва тазоди ҳамин комилияти инсонро нишон медиҳад. Шояд надоштани ахлоқи ҳамида ва ё надоштани ақлқ савод бошад, ки нафароне ҷисман солим даст ба хислатҳои пасти инсонӣ амсоли хиёнаткориву, ҷоҳпарастӣ ва фитнаандозиву қатли инсонҳо мезананд, ки касро ба ҳайрат меовард. Агар як ё ду нафар ин корро анҷом диҳад як каме нигаронкунанда аст, аммо гурӯҳе аз одамон вақте ба ин кор даст мезананд, аллакай як хиёнати бузург мебошад.

Агар таърихро варақгардон намоем, хуб мушоҳида мекунем, ки чӣ тавр наҳзатиёни палид ва авбош ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон бо фармони хоҷагони хориҷияшон чӣ корҳо кардаанд?! Аъзоёни ТТЭ ҲНИ як ҳизби комилан террористиро ташкил дода, миёни ҷомеа кинаву адоватро пошида, мардумро гумроҳ сохта, кишварро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд, ки дар натиҷа зиёда аз 160 000 нафар қурбон шуд. 160 000 нафар қурбони хиёнати наҳзатиёни палид гардид. Ин нафарони бегуноҳ ки аз ҷониби наҳзатиён ба қатл расонида шуданд, шояд дар дил ҳазорҳо орзуву омол доштанд, шояд фарзандашон ҳанӯз баъзеашонро дадаву мома нагуфта буд, шояд ҳанӯз нафаре аз он қурбониён оила барпо накарда буд, аммо бераҳмона ва разилона аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба қатл расонида шуданд, ки бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад.

Ҳамаи ин амалҳоро, қатли сокинони бегуноҳи кишварро наҳзатиён маҳз ба хотири нафси бади худ, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон пардохт мешуд анҷом медоданд, ки як даҳшати бузург мебошад. Он фоҷеае, ки наҳзатиён бар сари миллати тоҷик оварданд, шояд таърих ёд надошта бошад, лек барои ҳазорсолаҳо ин хиёнат ва разолати наҳзатиён фаромӯш нахоҳад шуд.

Имрӯз, ки кишвари мо хеле ободу зебо гардидаасту пешрафт намудааст, боз ҳамон наҳзатиёни палид ва афкор мехоҳанд, ки бо ҳамон шеваи қаблии худ найрангу макри наҳзатӣ мардумро ба гумроҳӣ баранд, ки ин хиёнати рӯирост мебошад ва ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.

М. Абдусаломов

устоди донишкада