Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатари бузурги терроризм ва экстремизм рӯбарӯ гардидааст, ки аз чанд ҷиҳат бисёр ҳам хатарзо мебошад. Имрӯз нақши калидиро на танҳо созмонҳои ҷаҳонӣ, балки воситаҳои иттилоотӣ низ мебозанд, ки мутаассифона имрӯзҳо террористон ва шабакаҳои террористӣ ба манфиати худ истифода менамоянд ва албатта ин як хатари бузург мебошад.
Хатари бузургро маҳз дар ҳамин самти фаъолияти террористон дидан мумкин аст, зеро ҳоло аксарияти созмонҳои ифротӣ ва махсусан гурӯҳҳои мазҳабӣ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва таҳмил намудани маълумоти бардурӯғ ва зидду нақиз аз ҳамин васоити ахбори оммаи интернетӣ истифода месозанд, ки бисёр ҳам хатари бузург бар башарият мебошад.
Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ва созмонҳои террористӣ хеле ҳам хатарнок мебошад ва бояд, ки пеши роҳи ин ҳар чӣ зудтар гирифта шавад, то дар байни ҷомеа ихтилофи ақида ва он ҳам боз ифротӣ пайдо нагардад. Фазои иттилоотӣ бояд ба таври комил солим нигоҳ дошта шавад, зеро омили аслии рушди тафаккури солим ва соҳибамният маҳз ҳамин фазои солими иттилоотӣ мебошад.
Шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯзҳо дар миёни ҷомеа мақоми хосро доро мебошанд, ки аллакай ҳамчун воситаи мубодилаи афкор ва ҳамзамон манбаи ахбор пазирутфа шудаанд, ки ҳоло як манбаи таҳдид низ бар аҳолии осоишта дониста мешавад. Зеро аксарияти созмонҳои ифротӣ ва ташкилотҳои террористӣ имрӯз аз ҳамин шабакаҳо ҳамчун воситаи гумроҳсозии ҷавонон истифода менамоянд, ки бояд пеши роҳи ин чиз низ гирифта шавад. Чунки мо дар мисоли созмони террористии “Давлати исломӣ” дидем, ки чӣ гуна ҷавононро бо истифода аз ҳамин шабакаҳо гумроҳ намуда, ба сафи созмонҳои худ ворид сохтанду ҳамчун шахси маргталаб тарбия карданд.
Албатта, ин шеваи кори террористон ва душманони насли инсоният мебошад, ки имрӯзҳо тамоми ҷомеаро нигарон намудааст. Аз ин лиҳоз ҳар як сокини кишварро зарур меояд, то худро аз ин гуна ҳамлаҳои иттилоотии ифротӣ худро эмин нигоҳ дорад ва ба ҳар гуна найрангу ҳиллаҳои ифротиён дода нашавад. Мақсади аслии созмонҳо ва ташкилотҳои террористиву ифротӣ аз байн бурдани ҷомеа солим дар сайёра мебошад.
Некварз Маҳмудзода
омӯзгори ДКМТ