Хиёнактории наҳзатиёни манфур ва палид ба ҳар навъе ки набошад имрӯз бар алайҳи миллати тоҷик дида мешавад ва маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ кору амалашон ва роҳи нонёбияшон ҳамин аст. Яъне хиёнат кардан бар Ватану миллат. Ватанфурӯшиву миллатфиребӣ!
Аммо бо ин роҳ ба даст овардани маблағ як хиёнати рӯирост ва душманӣ буда, аз доираи инсонӣ берун будани наҳзатиёнро ифшо мегардонад. Зеро ҳар як инсон бояд бо роҳи нек ва меҳнати ҳалол ризқу рӯзӣ ёбад ва ин яке аз хислатҳои инсон дониста мешавад. Лек он чӣ имрӯз аз аъмоли наҳзатиён мебинем як душмании рӯирост бар насли ба шар ва доғ бар инсоният мебошад.
Он амал ва рафтори нодурусте, ки аз ҷониби наҳзатиёни манфур ба чашм мерасад дар ягон давлату дунёи дигар нест ва ин албатта як мактаби нави хиёнаткории наҳзатиён мебошад. Аз ҷониби дигар ин рафтори наҳзатиён онро ифода мекунад, ки инсон воқеан ҳам метавонистааст ҳам сурати инсонӣ дошта бошаду ҳам ҳайвон бошад. Ин нуктаро метавон дар мисоли наҳзатиён ва махсусан раиси он М. Кабирӣ эҳсос кард.
Ҳоло яке аз масъалаҳои аслии матраҳ миёни ҷомеаи равшанфикр ва аҳли зиё ин хиёнатҳои ТТЭ ҲНИ ва раиси он М. Кабирӣ мебошад, ки инсонро дар тааҷуб овардааст. Зеро чӣ тавр як инсон ва он ҳам хокӣ даст ба хиёнат ва хиёнаткорӣ бизанад. Ҳамакнун ин наҳзатиёни палид ва манфур дар Аврупо паноҳ бурда, бар алайҳи миллат меҷанганд, дасисабозиву иғвобарангезӣ менамоянд, ки як амали нодуруст ва хиёнаткории бузургро мемонад. Он хиёнат ва разолате, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бар миллати мо раво диданд, ҳеҷ адӯи дигар чунин накардааст. Ҳатто аз маълумотҳо хуб медонем, ки чӣ тавр наҳзатиён дар кишварҳои хориҷӣ бо террористон ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳамчунин маълумотҳое ҳам вуҷуд доранд, ки аз мактабҳои бузурги террористӣ гузаштани аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро дар давлатҳои хориҷа дар муҳлатҳои гунонуг тасдиқ менамояд. Боз барои онҳое, ки аз думболи ин афроди ифротӣ мераванд чӣ лозим аст? Магар ҳамин далелҳо барои кӯр асо шуда наметавонад?
Магар ҳамин далелҳо барои наҳзатиёни манфур кофӣ нест, ки боз барои хиёнаткориҳояшон ангеза меҷӯянд?
Худи ҳамин ҳамкорӣ ва робитаи зичи наҳзатиён бо шабакаву созмонҳои террористӣ аллакай як хиёнати бузург бар насли башар мебошад, ки инро таърих ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ