ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: ХИЁНАТКОР КИСТ?!

Имрӯзҳо чунин ба назар мерасад, ки бештаре аз душманони миллати тоҷик, ки қаблан дар ҳамин хоку бум зиста буданд, даст ба хиёнат задаву бар алайҳи миллат иғвобарангезӣ мекунанд. Дасисабозӣ мекунанд, то миллатро ба гумроҳӣ баранд, ки ин як хиёнати рӯирост мебошад.

Ҳоло кишвари мо хеле пешрафт кардаву мардум соҳиби зиндагии осоишта мебошанд, аммо имрӯз душманони миллат, бадхоҳон мехоҳанд ҳамин осодугавиу пешрафт аз байн равад ва ба ҳамин хотир аз хориҷи кишвар истода, бар алайҳи миллати мо дасисабози мекунанд, то саодатро аз мардум бигиранд. Ин хиёнаткорӣ ва душманиро бештар аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо фармони хоҷагони хориҷияшон анҷом медиҳанду бар ивазаш маблағ гирифт, ки ин як хиёнати бузург ва номардист!

Хиёнаткорон ҳамон нафароне ҳастанд, ки имрӯз дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурда, бар алайҳи миллату давлати тоҷикон мубориза мебаранд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, бар ҳама хоинону хиёнаткорони наҳзатӣ лаънат мехонем!