ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ: КӮРТИНАТОНРО ХИСЛАТ ПАСТИСТ!

Ҳамеша дар ҷомеа барои ҷойгоҳи хосро касб намудан афроди гуногун талош мекунанд, то бо ҳамин роҳҳо номи неки худро зинда гардонанд, аммо ҳастанд кӯртинатоне, ки асло парвои виҷдони солим ва номи нек ҳам надоранд ва мақсаду маромашон ҳам шикампарвариву бо роҳи осон ба даст овардани маблағ мебошад.

Мисоли равшани ин тоифаи кӯртинат ва пастфитрат ин аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошанд, ки имрӯз бо созмонҳои террористӣ ҳамкорӣ намуда, талош меварзанд, то бар алайҳи миллати тоҷик мубориза баранду миллатро ба гуморҳӣ баранд, то аз хоҷагони хориҷияшон маблағи бештар ба даст оваранд, ки ин аз кӯртинатии наҳзатиён гувоҳӣ медиҳад.

Магар ин сифати пасти инсонӣ нест?

Албатта, ин хиёнат ва ҷоҳпарварии наҳзатиёнро бар ҷомеа нишон медиҳад, ки бисёр ҳам таассуфовар мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори наҳзатиёни манфур ва хоинро маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!