ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ: НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ!

Имрӯзҳо шабакаҳои террористӣ ва афроди манқуртгаштаи рушддиҳандаи терроризм талош мекунанд, ҳаёти осудаву осоиштаи ҷомеаро халалдор созанд ва ин як навъ муборизаи инсонбадбинӣ арзёбӣ мешавад. Пайдо шудани созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ имрӯз дар ақсои олам як хатари бузур бар амнияти башар мебошад ва бояд пеши роҳи ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад.

Нооромиҳо дар Сурияву Ироқ, Афғонистону Яман, ки ҳатто кӯдакону ятимонро бераҳмона ба қатл мерасонанд ин шабакаҳои террористӣ бисёр ҳам нигаронкунанда мебошад ва бояд ба ин ҳама даҳшатафканӣ хотима дода шавад, зеро ояндаи ин ҳол ба чӣ меанҷомад ҳеҷ муайян нест, ле ҳаёти инсон дар хатар аст.

Мо устодони кафедра бар зидди ҳама гуна ҳаракатҳои террористӣ баромад намуда, ин амали нангин ва зиддиинсониро комилан маҳкум менамоем ва таманно онро дорем, ки ҷаҳон пок аз душманони инсоняит бошад!