КАБИРӢ ТЕРРОРИСТ ВА ХОИН

Ҳарчанд маълум аст, ки имрӯзҳо бар алайҳи миллати тоҷик аъзоёни ТТЭ ҲНИ мубориза мебаранд ва талош менамоянд, ки  мардумро бо роҳҳои гуногун гумроҳ намуда, фиреб диҳанд, аммо хушбахтона муваффақ нахоҳанд шуд, зеро миллат аллакай чеҳраи аслии онҳоро шинохтааст. Худи ҳамин раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ худ як тарошаи аз бо афтидаро мемонад, ки аз ҷамъияти инсонӣ баромадааст ва бо рафтори ғайриинсониву фитрати пасташ мардумро ба ҳайрат овардааст.  Зеро М. Кабирӣ бар хилофи рафтори дурусти инсонӣ ва ахлоқи хуби ҷамъиятӣ баромад намуда, бо шабакаҳои террористии байналмилалӣ ҳамкорияшро ба роҳ мондааст. Ҳамкорӣ намудан бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ва “Ихвон-ул-муслимин” аллакай ҷинояти бузург мебошад, аммо барои Кабирии террорист ин як бахши кораш маҳсуб меёбад. Чунки М. Кабирӣ аз таҷрибаи ТТЭ ҲНИ хуб медонад ва чандин амалҳои террористро содир кардааст, ки ин албатта мактаби террористии наҳзатро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, ки асосгузоронаш ҳамин Кабириву боз чанд тани дигар мебошанд.

Ба солҳои 90-ум ва таҷрибаву хиёнати ТТЭ ҲНИ дар он солҳо ба миллат барнамегардем, ҳарчанж дар он солҳо зиёда аз 160 000 шаҳрванди бегуноҳро наҳзатиён ба қатл расониданду зиёда аз як миллион нафар сокинони кишварро муҳоҷир сохтанд, аммо баъдан ҳам ба ин хиёнаткории худ наҳзатиён, яъне аъзоёни ТТЭ ҲНИ идома доданд ва дертар маълум шуд, ки ҳамаи ин бо фармони хоҷагони хориҷии наҳзатиён амалӣ мешудааст.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро наҳзатиён имрӯз ҳам зери султаи хоҷагони хориҷияшон бар миллат хиёнат мекунанд?

Тавре ки мебинем аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии М. Кабирӣ имрӯз дар Аврупо  зиндагӣ доранд ва дар он ҷо чандин сомонаҳит интернетиву шабакаҳои ифротиро барои гумроҳсозии миллати тоҷик таҳия кардаанд, ки албатта ҳамаи ин маблағ талаб мекунад, лек ин ҳама пулҳо аз куҷо?

Ба иттилои манбаъи муътамад аз соли 2015 то кунун ба суратҳисоби М. Кабирӣ асосгузори мактаби муосири террористии наҳзат хоҷагони хориҷияш зиёда аз 8 миллион доллар гузаронидаанд, ки ин хеле маблағи калон мебошад ва ҳамаи ин барои хиёнат кардан бар миллати тоҷик равона карда шудааст. Пас маълум мешавад, ки ин Кабирӣ кист?

Шояд, дар гуфтори маблағҳо андак иштибоҳ бошад, зеро бар зиёдтар будани ин маблағҳо низ ишораҳо ҳаст ва ин маънои онро дорад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва махсусан Кабирӣ ба хотири ба даст овардани маблағ омодаанд, то миллатро қурбони нафси худ созанд, мисле ки солҳои 90-ум инро як маротиба анҷом доданду ҷанги таҳмилиро ба кишвар оварданд ва харобиҳои зиёде барои миллату кишвар бор шуд ва ҳоло ҳам аз пайи ҳамин нақша ин наҳзатиён амал мекунанд, ки ин хиёнати бисёр ҳам бузург мебошад.

М. Кабирӣ бошад аз саркардагони ин ватанфурӯшони наҳзатӣ мебошад ва имрӯзҳо ба хотири пур кардани ҷайби худ дасисабозиву иғвобарагезӣ мекунад, ки ин бисёр ҳам хиёнати нобахшиданист.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ