Имрӯзҳо чунин анъана шудааст, ки аксарияти созмонҳои террористӣ-экстремистӣ аз сомонаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанду бо ҳамин роҳ ҷавононро гумроҳ намуд. Ҳатто гурӯҳҳои мазҳабии ифротӣ низ баз ин шева кор мегиранд ва ин як бахъши кори ин гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Ҳоло аъзоёни ТТЭ ҲНИ низ аз ҳамин шеваи кор истифода намуда, имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба гумроҳсозии шаҳрвандон машғул шуда, бо нашри матлабҳои бардурӯғ мардумфиребӣ мекунанд. Аммо бар замми ин боз ин наҳзатиён дасисабозӣ намуда, бо ин навиштаҳои махлуташон мехоҳанд ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд.
Агарчӣ маълум ошкор аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ аслан инсон нестанд ва ҳеҷ рабте ба инсонӣ ҳам надоранд ба ҷуз сурати одамӣ ва он ҳам о ҳамгунаи маймунӣ. Сифати инсонӣ дар аъзоёни ТТЭ ҲНИ дида намешавад ва ҳамин аст, ки ҳар як аъзои ТТЭ ҲНИ бо авбошиву ғаддориву душманӣ ном баровардаанд.
Хиёнате, ки наҳзатиён бар кишвар кардаанд, бадтарин душман накардааст. Имрӯз ҳам бо роҳҳои гуногун бо макру ҳиллаву найранг аъзоёни ТТЭ ҲНИ мехоҳанд ин хиёнатҳояшонро идома диҳанд ва миллатро гумроҳ созанд. Аммо ин ва дигар ҳама макри наҳзатиёнро миллат имрӯз фаҳмидааст ва хуб медонад, ки ин наҳзатиёни кӯрдил ва кӯрботин кӣ ҳастанду бо кадом роҳ ба Аврупо расидаанд ва то имрӯз кӣ буданд?
Яъне ин ҷо ҳам дасти хоҷагони хориҷии наҳзатиён дароз аст, ки ба ҷайбашон пул мегузорад, вагарна чӣ тавр тавонистанд, ки дар Аврупо тиҷорату соҳиби марказҳои тафреҳӣ шаванд ва он ҳам дар як муддати кӯтоҳ?
Аз аввал то ба ҳоло аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо роҳҳои гуногун ба боварии мардум даромада, талош мекунанд, то бо макру найранг дасисабозиву иғвобарангезӣ намоянду ҷомеаро ба гумроҳӣ бибаранду фиреб диҳанд. Зеро аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳоло мехоҳанд боз ҳам ҳамон нақшаи солҳои 90-уми худро такрор созанду кишварро ба хоку хун кашанд.
Зеро бо ин роҳ наҳзатиён метавонанд мисли ҳарвақта аз хоҷагони хориҷияшон маблағҳои бештаре ба даст оваранд, ки ин як масъалаи доғ аст, зеро бар ивази пул ватанфурӯшӣ хиёнати нобахшиданист.
Аз ин рӯ бахшидани хиёнати наҳзатиёни террорист ҳеҷ имкон надорад ва бояд аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар назди миллат ва давлати тоҷикон узрпурсӣ намуда, даст аз хиёнаткориву ватанфурӯшӣ боз доранд, ки ин амал ҳаргиз бахшида нахоҳад.
Дилмуроди Вафо
коршиноси масоили ҷамъиятӣ