МИРЗО, МИРЗО БОЗ ҲАМ ҲАЗЁН МЕГӮӢ?!

Дар ба ном мактуби навиштаи Мирзои Салимпур ба унвони Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Номардӣ ва ваҳшоният. Ин Ҳукумат оё ягон соҳиб дорад?», ҳамин қадар фаҳмидан мумкин аст, ки ин рӯзноманигорӣ ифротӣ ва наҳзатпараст бо тамоми санъаташ  туҳмату тавҳин кардаасту ҳатто барои гарм шудани бозори ҳазёнаш аз хешу ақрабо ҳам мисол овардааст, то суханаш рост намояд. Аммо тавре, ки маълум мешавад дар навиштаи мазкур ва барои ҳимояи манфиатҳои шахсии худаш М. Салимпур сардабири ахбор.ком ҳатто аз хешовандонаш сӯистифода кардааст, ки бисёр ҳам шармовар аст ва аз ҷониби дигар бериёву ғаддор будани М. Салимпурро ошкор кардааст. Наход инсон барои чунин як хиёнати бузургаш хешовандонашро ҳам мавриди мазҳака қарор диҳад, то аз хоҷагони хориҷияш  пул ба даст оварад?

Оё шарафи мардии М. Салимпур ҳамин аст, ки ба хотиридили хоҷагони хориҷияшро гарм кардан, аз ақрабояш истифода кунад?

Мирзои Салимпур шарм аз худо намекунӣ?

Ин ҳам дар ҳоле, ки М. Салимпур бештар худашро худошиносу мусалмонтабиат гирифта, мисли дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ даст ба гумроҳсозиву фиреби мардум мезанад ва хиёнаткорӣ мекунад, то ҷомеаро ба гумроҳӣ барад. Аммо ин нуктаро ҳам набояд М. Салимпур фаромӯш созад, ки он ҳама асрори ниҳонкардааш имрӯз дар дасти мо қарор дорад ва ҳамаи ин дурӯғгӯиву номанависиҳояш ҳам ба хотири ҳифзи обрӯву ҳамон сирраш дар назди мардум мебошад. Зеро пас аз нашри филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ҳамагон дарк карданд, ки ин М. Салимпур як душман ва хоини миллат мебошаду ба хотири пул имрӯзҳо дар маъаркаи хоҷагони хориҷияш боз ҳам нишастан мехоҳад ва ба ҳамин далел имрӯзҳ ба худсафедкунӣ даромадааст. Аммо чӣ кунем, ки ҳақиқат ҳамонест, ки аллакай дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” гуфта шуд.

Ҳоло ин ҳама даъвоҳои беасос ва навиштаҳои Мирзои Салимпур бо як мақсад навишат шудааст, он ҳам бошад сафед кардани худаш дар назди хоҷагони хориҷияш, зеро Салимпури ахбо.ком сахт нороҳат шудааст, ки имрӯз ҳама буду набудашро окшор сохтанду ӯ дигар намедонад сарашро ба куҷо занад?. Ҳамин аст ҳоли зори хоини миллатфурӯш, ки ба хотири чаҳор танга пули хоҷагони хориҷияш имрӯзҳо бар миллати тоҷик душманӣ меварзад.

Пас ин ки ӯ имрӯз нома менависад ва мақомотро туҳмат мекунад, як ҳиллаву найранги навбатияш мебошаду халос, вагарна ҳама ин навиштаҳояш дурӯғе беш нест.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ