Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо равандҳои гуногун ва падидаҳои нав рӯбаро мешавад, ки ин ҳам дар як ду асри охир домангири оламиён гардидааст. Раванди ҷаҳонишавӣ агар аз як ҷониб хатарзо бошад аз ҷониби дигар шароит муҳайё сохтаат, барои шаклгирии созмонҳои ифротиву инсонбадбин. Ҳамчунин фазои иттилоотие, ки имрӯз мо мебинем бисёр ҳам як зарбаи манфӣ ба тафаккури ҷомеа мебошад. Зеро иттилооте, ки имрӯз аз пойгоҳҳои хабарии олам пешкаши ҷомеа гардонида мешавад на саҳеҳияташ маълум асту на кадом воқеияти дигараш. Зерог аксарияти ин маълумотҳо ё дурӯғанд ва ё ин ки барои гумроҳсозии инсонҳо бофта шудааст.
Имрӯз ҳам чандин сомонаҳои хабариро наҳзатиён таъсис додаанд, ки воқеан ҳам як манбаи хатарнок барои афкори ҷомеа мебошад. Зеро ин сомонаҳо махсусан сомонаи ахбор.ком, ки махсус аз ҷониби наҳзатиён таъсис дода шудаасту ба Мирзои Салимпур тааллуқ дорад, имрӯзҳо як пойгоҳи ифротии хабариро мемонад, ки бисёр ҳам шармовар аст. Аз хондани ин сомонаи ифротӣ рости инсон шарм медорад, ҳайфи ақлу хиради инсонӣ, ки барои ҳамин сомонаи ифротии ахбор.ком сарф мешавад!
Аммо ин ҳама ҳазёнгӯӣ ҳеҷ обруву шӯҳрати Мирзои Салимпурро набардошт ва ин буд, ки ӯ ба навиштани арзу шикоятномаҳои бофта шурӯъ кард, то худашро ба қавле дар миёни мардум пиар кунад. Дар мактуби навиштааш бо номи «Номардӣ ва ваҳшоният. Ин Ҳукумат оё ягон соҳиб дорад?» , ки ҳам ба Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ба ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, Мирзои Салимпур бештар аз мақомоти қудратӣ ва ҳамазамон аз фаъолияти прокуратураи кишвар шикоят бурдаату ҳазён гуфтааст. Зеро бо ин роҳ М. Салимпур мехоҳад, як санъати нави дурӯғу найранги наҳзатияшро ба ҷомеа нишон диҳад. Чунки дар навиштаи мазкур Мирзои Салимпур ҳарчанд талош кардааст, ки худашро воҳима кунад, ягон далел наовардааст.
Танҳо ишора ба ду келини хонадонашон кардааст, ки шояд онҳо бо кадом далелҳои дигар ба прокуратура рафта бошанд, аммо ин ки онҳоро касе бозпурсӣ кардаву суханони дағал гуфтааст, як дурӯғи маҳз мебошад. Зеро ҳеҷ кас ба чунин дағалгуфториву беҳурматӣ роҳ намедиҳад ва ин ҳамааш бофтаи Мирзои Салимпур мебошаду халос. Бо ҳамин туҳматҳо ва худсафедкуниҳо Мирзои Салимпур мехоҳад худро миёни ҷомеа сафед кунаду ҳамон ҳақиқати талхро, ки ҳамеша пинҳон медошту имрӯз хизматгорӣ хоҷа буданаш ошкор шуд, пинҳон созад. Аммо далелҳои зиёде мавҷуданд, ки хизмати хоҷа будани Мирзои Салимпурро исбот мекунад, ҳамчунин ба хизмати ТТЭ ҲНИ гузаштанашро ҳам сад дар сад фош месозад.
Аз ин лиҳоз Мирзои Салимпур мехоҳад бо роҳҳои бофтани дурӯғу воҳима, эҷоди туҳматнома мақомоти кишварро гунаҳкор кунаду бозори жожгӯиву хиёнаткорияшро гарм созад. Ин навишта ҳам аз ҷониби М. Салимпур барои ҳисобот ба хоҷагони хориҷияш мебошад, чунки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ҳамаи асрори пуштипардагии наҳзатиён ва махсусан ҳами ба ном рӯзноманигору дар асл як ифротгаро ошкор карда шуд.
М. Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ