Ҳарчанд маълум аст, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ бо номҳои мухталиф фаъолият мебаранд, аммо решаи пайдоиши ин гурӯҳҳо аз куҷост, то ҳол маълумотҳо гуногун ба даст расидааст. Иддае бар ин ақидаанд, ки гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротӣ аз гурӯҳҳо ва равияҳои мазҳабӣ сарчашма мегиранд, вале иддае аз олимону муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ин гурӯҳҳо дар асоси кори марказҳои вижаи абарқудратҳо ташкил карда шудаанд. Вале коршиносон бештар бар он назаранд, ки фарзияи аввал дуруст аст, яъне бештар гурӯҳҳои мазҳабӣ, албатта ба ном мазҳабӣ рӯ ба терроризм меоранд, ки мисоли инро мо дар созмони террористии “Давлати исломӣ” ва ТТЭ ҲНИ бараъло мушоҳида менамоем.
Инро ҳам бояд бидонем, ки дар ҳар сурат ин амал ва рафтор ношоиставу нолоиқ мебошад ва терроризм имрӯз хатар бар сокинони сайёра дорад. Террористон асло раҳму шафқат ва инсониро намедонанд ва мақсаду маромашон ҳам амалӣ кардани фармони хоҷагонашон аст, ки ин бисёр ҳам нигаронкунанда мебошад.
Ҳар садҳо ҳазор нафар дар ҷаҳони имрӯз аз дасти террористон ва созмонҳову гурӯҳҳои террористӣ ба қатл расонида мешаванд, ки ин барои аҳли башар талафоти бузург аст.
Мо, устодони кафедра пайдо шудани терроризмро комилан маҳкум намуда, ин зуҳуроти номатлубро дар ҷаҳон нест бод мегӯем!