ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ХИЁНАТКОРИРО ФОШТАР СОХТ!

Дар воқеъ филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки яке аз филмҳои бисёр ҳам диданиву ҷолиб аст, имрӯзҳо ҳақиқатеро фош сохт, ки душманони миллат дигар урён шудан гӯем ҳам хато намешавад. Зеро то кунун аъзоёни ТТЭ ҲНИ зери ниқоб баромад карда, вонамуд месохтанд, ки гӯё фарди сап-сафеди бугуноҳанд. Аммо баъдан маълум шуд, ки ин бугуҳонони олами ҷиноят ва терроризм аслан бо ниқоб баромад карда, дар асл хиёнаткорону хоинони бадкеши миллат ҳастанд.

Худи ҳамин хизмат ба хадамоти истихборотии як кишвари дигар ин аллакай хиёнат аст, ки онро наҳзатиёни палид ва манфур раво дидаанд. Аз ҷониби дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ махсусан роҳбари ин ташкилоти террористӣ М.Кабирии манфур бо созмонҳои террористӣ робита намуда, қарордоди ҳамкорӣ бастааст, ки ин хатарнок ва бадкеш будани наҳзатиёнро боз ҳам зиёдтар ифшо месозад.

Ҳамчунин сомонаҳои ифротии таъсисдодаи наҳзатиён ба хотири гумроҳсозиву иғвобарангезӣ аз ҷониби наҳзатиён боз ҳам хоину хиёнаткор ва душмани миллат будани ин тоифаи палиди наҳзатиро ифшо менамояд.

Мо, устодони кафедра  ин рафтори хоинон ва душманони миллатро маҳкум намуда, ба ин разилони хоини наҳзатӣ лаънат мехонем!