ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: “ХИЁНАТ” ПАРДА АЗ РӮЙИ МАНФУРОНИ НАҲЗАТӢ БАРДОШТ

Ҳоло дар телевизион филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки аз 3 қисм иборат аст, пахш гардид, ки роҷеъ ба хиёнаткориву хоинӣ ва душманиву разилии раиси ТТЭ ҲНИ Кабирии палид ва аъзоёни ҳамин ташкилоти террористӣ қисса мекунад. Воқеан ҳам филми мазкурро даричае барои шинохти хоинон ва душманони миллат номидан мумкин аст.

Чизи дигаре, ки дар филми мазкур ифшо гардид ин паҳлӯҳои норавшан ва пӯшидаи наҳзатиёни палид аст, ки наҳзатиёни авбош ҳаргиз намехостанд он ифшо гардад. Хиёнаткориву душмании наҳзатиён бар миллати тоҷик ҳамеша вирди забонҳо буд ва ин дафъа бо далелу арқоми мушаххас ва дақиқу амиқ рӯйи экран оварда шуд, ки воқеан ҳам ҳуҷҷати хуб барои шинохти душманону манфурони наҳзатӣ мебошад.

Наҳзатиён бо хиёнаткориву хоинӣ исбот намуданд, ки дигар тоҷик нестанд ва асло хуни тоҷикӣ надоранд. Зеро дар ниҳоди тоҷик пастфиртаиву хиёнаткорӣ нест ва ин наҳзатиёнанд, ки аз авлоди хоинон ба дунё омадаанд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони миллати тоҷик, наҳзатиёни палидро маҳкум намуда, ба ин палидон лаънат мехонем.