Ҳамагон хуб медонанд, ки ифротгароӣ ва авбошӣ яке аз зуҳуроти номатлуб ва нописанд аст, аммо имрӯзҳо мо хуб мушоҳида менамоем, ки зуҳури чунин гурӯҳҳо бар насли башар чӣ қадар зарар меоварад.
Гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротӣ ба хотири амалӣ гардонидани мақсадҳои нопоки худ ҳамеша дар талошанд ва ин як навъ муборизаи ин малъунон дар ҷаҳон мебошад.
Ҳарчанд маълум аст, ки ифротгароён чашми дидани ҳаёти осоиштаву ором ва босуботи ҷомеаро надоранд ва аз ин ҷост, ки бо идеологияи ифротии худ ҷаҳонро доғдор кардаанд.
Мисоли равшани гурӯҳҳои ифротӣ ин ТТЭ ҲНИ мебошад, ки оқибат ба терроризм ва даҳшатафканӣ гузаштанду суботу оромии сокинони кишварро ба ҳам заданд ва албатта дар ин ҷода мисолҳо хеле зиёд мебошад.
Мо, устодони кафедра ин рафтори ифротгароён ва авбошони душмани инсониятро маҳкум намуда, бар ифротгароёни разил лаънат мехонем.