ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: “ХИЁНАТ” АЗ ХИЁНАТИ МАНФУРОНИ НАҲЗАТӢ ГУФТ!

Тавре, ки маълум аст, имрӯзҳо аъзоён ва тарафдорони ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Кабирии палид ва манфур дар хориҷи кишвар ба сар бурда, талош мекунанд, то бар миллату Ватан аз ҳамон ҷо хиёнат кунанд. Ҳарчанд ҷомеа хуб медонад, ки наҳзатиёни палид ва ифротгаро бо фармони хоҷагони хориҷияшон чӣ хиёнатҳое бар миллату Ватан накарданд, аммо ҳоло аз берун истода барои иғвобарангезӣ ва дасисабозӣ талош меварзанд.

Филми наве, ки имрӯзҳо бо номи “Хиёнат” манзури ҷомеа гардид на аз хиёнатҳои ошкоро, балки аз паҳлӯҳои барои бинанда ва шаҳрванди кишвар пинҳони наҳзатиён ва раиси ТТЭ ҲНИ Кабирии малъун қисса намуд.

Филми мазкур аз махуфияти наҳзатиёни палид ва авбошу маккор ва ғаддору манҳус қисса намуд, ки чӣ тавр ин палидони наҳзатӣ ҳатто ба ақрабои худ хиёнат кардаанд. Пас чӣ гуна мешавад ин малъунонро махуф нагуфт?

Воқеан ҳам ин наҳзатиёни палид ва авбошу маккор барои молпарастиву ҷоҳпарастӣ ғуломи хоҷаи хориҷӣ гардида, бар миллати тоҷик хиёнат намудаанд, ки ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори наҳзатиёни палид ва авбошро маҳкум намуда, бар ин малъунони наҳзатӣ лаънат мехонем.