ГИРДИҲАМ ОМАДАНҲОИ СОЛҲОИ 90-УМ МАҚСАДАШ МИЛЛАТСӮЗӢ БУД?!

Дар ҳошияи филми мустанади  “Хиёнат”, ки барои равшанӣ андохтан бар таърихи навини тоҷикон офарида шудааст, мехоҳам чанд нуктаро ин ҷо илова намоям ва албатта, қаблан ба офарандагони  филм изҳори сипос менамоем, ки натарсидаву пажӯҳишкорона ҳақиқатро гуфтаанд ва ё аниқтараш парда аз воқеияти ниҳон бардоштаанд.

Замоне буд, ки тоҷик имконияташ дучанд буд, шарту шароиташ беҳтар аз солҳои 93-94 буд, аммо бо дасти дасисабозоне, бо дасти авбошоне, бо дасти гумоштаҳое, бо датси зархаридоне ин имконият барҳам зада шуд, нест карда шуд. Шояд хонанда суол кунад, ки чӣ хел нест карда шуд?

Бале, нест карданд, то имконияти тоқиконро маҳдуд созанд, гумоштаҳоро, зархаридонро сафарбар намуданд, то миллатро ба гумроҳӣ барад ва ҳамин буд, ки солҳои 90-ум пас аз соҳибистиқлол гардиданаш кишвари мо ба як гирдоби бало ғӯтавар гардид ва ин балоро албатта ҳамон ташкилкунандагони майдоннишинҳо, гирдиҳамоиҳо бар сари миллат оварда буданд.

Бо маслиҳати чанд гумроҳгаштаву зархарид, мардумро ба майдонҳо кашиданд ба қисматҳо тақсим намуданд ва иллат ин шуд, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандии бародаркӯш оғоз намуданд, ки дар ин кор дасти аъзоён ва роҳбарони ТТЭ ҲНИ баландтар буд ва ҳамонҳо бештар бо дастнишондоди сармоягузори хориҷияшон, хоҷаи хориҷияшон, душмани миллати тоҷик як давлате, ки ба хотири роияи меъёрҳои байналмилалӣ намехоҳам номашро ин ҷо орам дар кишвар оташи ҷанг аланга зад.

Садҳо ҳазор нафар сарсону саргардон ва садҳо ҳазор нафари дигар гурезаву ломакон. Ин ҳамаро аъзоёни ТТЭ ҲНИ шурӯъ карданд ва оқибат кор ба ҷое расид, ки ин ҷанги хонумонсӯз тамоми имкониятҳои кишварро ҳамон солҳо аз байн бурд ва миллатро ба як хориву залилӣ табдил дод, ки ин бисёр ҳам ҳодисаи даҳшатовар аст.

Акнун худ тасаввур кунед, ки аз майдоннишиниву гирдиҳам омаданҳову хонасӯзӣ карданҳо чӣ манфиат бардоштем?

Оё ҳамин майдоннишинӣ оқибати нек дошт ба ҷуз дили душмани миллатро шод кардан?

Дар он солҳо сӯистифода кардан аз боварии мардум бисёр ҳам хуб мушоҳида мешавад, ки чӣ тавр наҳзатиён ин корро бо истифода аз эътиқоду имони ҷомеа анҷом медиҳанду мардумро ба сарсониву саргардонӣ бурд, ки ин бисёр ҳам номардиву ноадолатиро бозгӯ мекунад. Аз ин лиҳоз мо он ҳама даҳшатҳо ва гирдиҳамоиҳои беасосу миллатсӯзро маҳкум намуда, барои маҳдуд сохтани имконияту шароит дар кишвар бар наҳзатиён лаънат мехонем ва гуфтани ҳастем, ки ҷомеа аз ин зоғони бадмӯр худро эҳтиёт кунад.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ