ТО БА КАЙ НАҲЗАТИЁНИ ТЕРРОРИСТ МИЛЛАТРО ФИРЕБ МЕДИҲАНД?!

Даҳшат ва ваҳшонияти овардаи наҳзатиёни палиду касиф ва ҳаромзода бар сари миллати тоҷик то ба имрӯз аз хотираи таърих нарафтаасту доғи он бошад аз дилҳои мардум. Пас аз иқтиқлолият касб намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи мазҳабгарое бо чанде аз гумоштаву зархаридони хориҷӣ ТТЭ ҲНИ ташкил намудаанд, ки мақсадаш ҳам амалӣ намудани барномаи душманони миллати тоҷик мебошад. Яъне хоинони наҳзатӣ бо таъсис додани ҳизби исломӣ, ки мақсадаш ҳам ба гурмоҳӣ бурадни миллат буд, мехостанд миллатро сарсону саргардон ва номи кишварро аз харитаи сиёсӣ ҳазф намоянд ва ҳамин аст, ки барои  ин амалашон аз хоҷагони хориҷияшон маблағ мегирифтанду барои пиёда сохтани ин нақшаи манфуронаашон ҳар рӯз ба шарҳу тавзеҳи нодурусти ояву сураҳои қуръонӣ мепардохтанд, то шаҳрвандонро бештар гумроҳ намуда ба майдонҳо кашанд. Ва оқибат ин шуд, ки мардуми бехабар аз ин воқеияти наҳзатиёни палид ва касиф гумроҳ шуданду ба майдонҳо рехтанд ва кори наҳзатиён ҳам яъне миллаткӯши сар шуд. Аз рӯзҳои нахустини майдоннишинӣ наҳзатиён аллакай барои ноором намудани ҷомеа тайёрӣ медиданду аз аввалинҳошуда, корманди рӯзномаи “Садои мардум”-ро ба қатл расониданд, то ба  оташи ҷанг равған резанд.

 Ҳамин тавр наҳзатиён тибқи супориши хоҷагони хориҷии худ бар хиёнатҳову ҷаҳолату разолати худ идома дода то кунунбар чашми миллат хок пошиданӣ мешаванд, ки ин оқибати нек надорад.

Ҳарчанд имрӯз наҳзатиёни палиду касиф ба Аврупо фирор намудаанд, аммо ин далели онро надорад, ки онҳо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун озод шуда бошанд ва ҳамчунин миллати тоҷик ҳам ҳаргиз ин душманони ғаддор ва бадкеши наҳзатиро нахоҳад бахшид. Зеро он хиёнату ҷаҳолате, ки аъзоёни ТТЭ ҲНи бар сари миллати худ оварданд, бегона ҳаргиз намекунад. Лек чӣ кунем, ки он чӣ бо кард ошно кард!

Ҳамин аст, ки имрӯз ҳам наҳзатиён ба хориҷ фирор намуда, талош мекунанд аз ҳамон ҷо истода бо нашри маълумоти бардурӯғ ва иғвобарангез  миллатро гумроҳ созанду мутеъи хоҷагони хориҷияшон гардонанд. Ва ин ҳам имрӯзҳо маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ мехоҳанд кишварро ба Афғонистони дуюм табдил диҳанд ва барои ин шабу рӯз кӯшиш мекунанд ва ҳатман ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид.

Аз ин рӯ аз тамоми ҷавонон ва ҳамватанони азиз тақозо мекунем, ки дар шинохти наҳзатиёни манфур ва палид бештар  талош намоянд ва чеҳраи хоинонаву палидонаи онҳоро ба ҷаҳониён бозгӯ созанд. Зеро тавре ки мушоҳида менамоем, ин наҳзатиёни палид ва шайтону разил ҳаргиз даст аз хиёнаткорӣ бардоштанӣ нестанд ва бояд иқдоми ҷавонон ин роҳзанҳо ва авбошонро аз рафтори ношоистаашон боз дорад. Зеро ҳеҷ маълум нест, ки ин наҳзатиёни бадкеш то кай бо ин рафтори иғвобарангезу дасисабозиашон миллатро фиреб медиҳанд?

Фикр мекунам, ки акнун замоне фаро расидааст, то чеҳра аз симои зишту манфури наҳзатиён, ки доим пинҳон мекунанд бардошат шавад.

Некварз Маҳмудзода

омӯзгори ДКМТ