ҶАВОНОН НЕРӮӢ БУЗУРГ БАР АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

Вазъияти ҷаҳони имрӯз онро бозгӯ менамояд, ки дар шароити кунунӣ ва мураккаб гардидани авзои сиёсии олам муташанниҷтар гардид ва аз ҳар як миллату халқиятҳои олам, тақозо мешавад, то зиракии сиёсии хешро тақвият диҳанд ва дар фарҳангномаи худ, фарҳанги сиёсиро густариш диҳанд, то фиретфаи макрҳои сиёсии гурӯҳҳои мазҳабгаро, чапгард, ва ифротӣ нашаванд. Ҳарчанд падидаи ҷаҳонишавӣ имрӯз дар ҷаҳон бисёр фарҳангҳо ва тамаддунҳоро аз байн бурдаасту ҳанӯз ҳам хатарҳои ғайрро бо равандҳои сиёсии хатарзо ҳампайванд доданист, ки оқибатҳои ногувор дорад.

Аммо ин раванд ҳанӯз ҳам ба кори худ хотима бахшидани несту дар назар як барномаи аз қабл тарҳрезишударо мемонад, ки мақсадҳои номаълумро пайгирӣ менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як сокини кишварро зарур меояд, то дар шинохти падидаву равандҳои охири сиёсиро донишу фаҳми баланди худро нишон диҳанд, то фирефтаву қурбонӣ ин падидаҳои навпайдо нагарданд.

Аз ҷониби дигар  чунин ҳолат ба вуҷуд  омадааст, ки имрӯзҳо созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар барномаҳои худро дар кишварҳои рӯ бар рушд ва мутараққӣ амалӣ кардани мешаванду аксарият  талош мекунанд, то ҷавононро мавриди ҳадаф қарор бидиҳанд. Яъне ин созмонҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ бештар мехоҳанд, қисми осебпазири ҷомеаро, ки аксаран ҷавонон ташкил медиҳанд, мавриди ҳадаф қарор диҳанду зудтар гумроҳ намоянд.

Ҳоло бо рушд намудани  фанновариҳои технологӣ ва имкониятҳои бемайлони шабакаи ҷаҳонии интернет бозори мактаби гумроҳсозии созмонҳову гурӯҳҳои террористӣ низ имрӯз гарм шудаасту ин созмонҳо пайваста аз имкониятҳои мағзшӯйи тариқи пахшу нашри ахбори гумроҳсозанда ва маълумоти бардурӯғ талош мекунанд,  то сафи гумроҳон ва гумроҳгаштагонро аз ҳисоби ҷавонон афзун созанд.  

Аслан гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ бештар талош мекунанд, ки бо пахши маълумотҳои бардурӯғ ва иғвобарангез, маводҳои нодурусту носаҳеҳ ҷавононро фирефта намоянду ба доми хеш фаро гиранд. Ҳатто аксарияти таҳлилҳо ва хулосаи коршиносон нишон медиҳад, ки бештари маводҳои ин гурӯҳҳо, ки ба нашр мерасонанд, ягон асоси воқеӣ надошта, бештар ҷиҳати гумроҳсозӣ бо роҳҳои психологӣ омода карда шудааст.

Як нуктаро ҳам набояд фаромӯш сохт, ки гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ имрӯз барои гумроҳ сохтани ҷавонон аз формулаҳои гуногуни мағзшӯйӣ истифода менамоянд, то ҷавонони қишрҳои мухталифро ба сафи худ ҳамроҳ созанд.

Як мисоли равшани ин гуфтаҳо созмони террористии “Давлати исломӣ” мебошад, ки ҷавононро аз гӯшаву канори олам бо роҳҳои мағзшӯйӣ ба сафи худ ҳамроҳ намуданд, то бар алайҳи башарият биҷанганд ва мо худ шоҳидем, ки чӣ тавр аъзоёни ин созмони террористӣ ба ҷони инсонҳои бегуноҳ хаӣар эҷот мекунанду ҳамарӯза ҳазорон бегуноҳ аз дасти ин палидони дур аз маърифат қурбон мешаванд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ин созмони террористӣ идеологияи худро динӣ муаррифӣ намуда, ба худ аъзо ҷамъ менамояд.

Ё мисоли дигари гурӯҳҳову созмонҳои аз дин истифодакунандаи террористӣ-экстремистӣ монанди Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки имрӯзҳо идеологияи худро динӣ муаррифӣ намуда, бо нашри маводҳо ва матлабҳои бардурӯғ  талоши гумроҳ намудани ҷавононро менамояд, ки ин бисёр хатарнок аст.

Аз ин рӯ, ҷавононро ҳам қишри осебпазир мегӯянду ва дар навбати дигар нерӯи пурзӯр бар алайҳи гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва ё  ифротгароён, зеро шинохти воқеии ҷавонон аз чунин гурӯҳҳо бар манфиати кор хоҳад буд. Ба ҳамин хотир баланд бардоштани донишҳои сиёсии ҷавонон ва нашр намудани китобгунаҳои махсус барои насли ҷавон дар шинохти гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротии душмани башарият бар манфиати кор хоҳад буд.

Зеро ҷавонон метавонанд, ки ҳама гуна хатару паёмадҳои манфиро бо дарки амиқи сиёсӣ ва зиракии сиёсиву донишҳои замонавӣ маҳкум намоянд ва роҳро барои ояндаи дурахшону бехатари хеш бунёд созанд.

Некварз Маҳмудзода

омӯзгори ДКМТ