ТО КАЙ НАҲЗАТИЁН МУҲОҶИРОНРО ҲАМЧУН ЛУҚМАИ “ТАЙЁР” МЕФИРЕБАНД?!

Ҳамагон хуб медонанд, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ вазъият дар аксарияти ҷумҳуриҳои бародарӣ он қадар хуб набуду агар як сабаби рукуди иқтисодӣ ин нодуруст сохтани занҷираи иқтисодии Шӯравии абарқудрат бошад, сабаби дигараш махсусан дар кишвари мо ин омилҳо ва харобиҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ ташкил карда шуда буд, мебошад.  Дар пайи ин ҷанги хонумонсоз аксарияти заводу фабрикаҳо аз ҷониби силоҳбадастони наҳзатӣ, ки ҳам аз дохилу ҳам аз хориҷи кишвар муттаҳид гардида буданд ё оташ зада шуданд ва ё ин ки ба яғмо бурда шуданд, ки албатта зарбаи бузург бар иқтисодиёти кишвар мебошад.

Албатта барои барқарор намудани ин харобаҳо ва ҳамчунин бавуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ Ҳукумати кишвар имрӯз тамоми чораҳоро меандешад, то шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гарданд. Аммо тибқи шароити имрӯзаи байналмилалӣ, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон раванди муҳоҷират вуҷуд дорад, шаҳрвандони мо низ ба кишварҳои хориҷӣ муҳоҷир мешаванд, ки ин як падидаи умумибашарӣ мебошад. Вале бар ҳамаи ин нигоҳ накарда  имрӯз ҳамон харобсозону, душманони миллат, ки бо супориши хоҷагони хориҷияшон миллатро сарсону Ватанро ноором намуданд, яъне аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳоло дар хориҷ аз кишвар истода ба гумроҳ сохтани муҳоҷирони меҳнатӣ пардохтаанд.  Аммо суоли матраҳ ин аст, ки вақте раиси ТТЭ ҲНИ Кабирии террорист мехоҳад муҳоҷиронро гумроҳ созад, оё як маротиба андеша намекунад, ки боиси ҳама бадбахтиҳо худи ҳамин наҳзатиёнанд?

  Оё наҳзатиёни палид як маротиба ҳам андешаи онро намекунанд, ки имкониятро аз дасти миллат худи ҳамин наҳзатиёни манфур бо ташкил намудани ҷанги таҳмилӣ гирифтанд?

Магар Кабирии палид набуд, ки ҷавонони гумроҳгаштаи наҳзатро  дар Русия нигоҳ медошту бинобар аз минтақаи Рашту Файзобод набуданашон сарсон месохт?

Магар Кабирии палид фаромӯш сохтааст, ки рӯзе ин муҳоҷирон ҳам аз ҳақиқати ҳол огоҳ хоҳанд шуд?

Истифода намудани муҳоҷирон ҳамчун луқмаи тайёр барои наҳзатиёни палид аз он ҷост, ки бештари муҳоҷирон ҷавононанду аз воқеияти ТТЭ ҲНИ огаҳӣ надоранд ва аз ин ҷост, ки наҳзатиёни палид бо сафсатаву ҳарзаҳои бардурӯғ ё ҳамон матлабҳои иғвобарангезашон мехоҳанд муҳоҷиронро гумроҳ созанду мисли ҳамон солҳои 90-ум боз армияи гумроҳону афроби бемақсадро ташкил диҳанду бар алайҳи миллати худ равона созанд. Вале муҳоҷирони муҳтарам бояд як нуктаро фаромӯш насозанд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ҳам худи ҳамин раиси наҳзатиёни манфур Кабирии террорист бо маблағи хоҷагони хориҷияшон дар он кишварҳои аврупоӣ ҷой гирифтаанду зархариданд ва асло дар фикри миллату давлати хеш нестанд.   Агар наҳзатиён ободиву хушии миллатро мехостанд, магар дар рӯзҳои нахустини мустақилияти давлати ҷавони Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро ташкил мекарданд?

Маълумотҳои зиёде вуҷуд дорад, ки дар ин ҷанги ташкилкардаи наҳзатиён террористон аз сафи созмонҳои террористии “Ихвон-ал-муслимин” ва “Ал-Қоида”  ширкат варзидаанду бар алайҳи миллати тоҷик ҷангидаанд ва албатта мақсадашон ҳам нобуд сохтани давлати ҷавон буд.  Ҳоло ҳам, ки наҳзатиён дар хориҷи кишвар ҳастанд, магар ҷуволи тиллову брилиант доранд, ки дар Аврупо ин қадар зиндагии шоҳона доранду чандин созмонҳои ифротиро ҳам таъсис додаанд?

Магар дар Аврупо зисту зиндагӣ осон аст?

Ва он ҳам барои гурӯҳе аз авбошони наҳзатӣ?

Албатта, ки наҳзатиёни манфур як тангаи зард ҳам надоранду дар он ҷо ба як дирҳам низ зоранд, то замоне, ки хоҷаи хориҷияшон маблағ надиҳад. Чандин манбаъҳо исбот намуданд, ки наҳзатиёни манфур аз ҷониби хадамоти ҷосусии як кишвари ба мо маълум маблағгузорӣ мешавад ва маҳз дар соли 2018 барои бунёди чанд сомонаи интернетиву шабакаи телевизионӣ бар наҳзатиёни малъун ҳамин кишвар 3 миллиону 800 ҳазор доллар ба суратҳисоби роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирии ҳаннот гузаронидааст, ки ин албатта пули кам нест.

Ҳамчунин пайваста аз ҷониби созмонҳои террористии байналхалқӣ маблағҳои ҳангуфте барои ҳамкорӣ бар наҳзатиён фиристода мешавад, ки ҳамаи ин бар алайҳи миллати тоҷик масраф карда мешавад. Яъне бо гирифтани ин маблағҳо наҳзатиён талош мекунанд, то бо роҳҳои гуногун иғвобарангезӣ кунанд, дасисабозӣ кунанд,  фитнаандозӣ намоянду миллатро  гумроҳ намоянд ва кишварро ба Афғонистони дуюм табдил диҳанд. Ин аст, мақсади аслии наҳзатиёни палид ва касифу хоин ва манфур амали кардани ин нақшаи палидонаи қудратхоҳон мебошад.   Ҳоло дигар ҳамаи маълумотҳоро роҷеъ ба кӣ ва чӣ будани наҳзатиёни манфур      сокинони кишвар медонанд ва аз даҳшатҳои бар сари миллат овардаи наҳзатиён огоҳанд аз ин ҷост, ки имрӯзҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ созмони террористӣ-экстремистии навро бо номи ПМТ таъсис додаанд,  то ҷиноятҳо ва хиёнатҳояшонро  пинҳон доранду зиёдтар мардумро гумроҳ намоянд.

Аммо пеш аз оне,ки наҳзатиёни палид ва касиф мехоҳанд нақшаи душманони миллатро, хоҷагони хориҷияшонро амалӣ созанд, бояд як маротиба андеша кунанд, ки як маротиба бо амали намудани нақшаҳои хоҷагони хориҷияшон чӣ бадбахтие бар сари миллат оварданд?

Оё пайвандони зиёда аз 160 000 қурбониёни бегуноҳ, ки ҳамаашон аз дасти наҳзатиёни палид кушта шуданд, то имрӯз ин мусибатро фаромӯш сохтаанд?

Оё рӯзҳои сангин ва ваҳшатноке, ки зиёда аз як миллион нафар доштанд, ҳоло фаромӯш шудааст?

Оё ғурбати офаридаи наҳзатиён аз хотираҳои шаҳрвандон зудуда шудааст, ки имрӯз онҳо дубора мехоҳанд миллатро гумроҳ созанд?

Оё наҳзатиён бар ҳама ин ҷиноятҳои содиркардаашон посух гуфт метавонанд, ки ҳоло мехоҳанд хиёнат ва хоинӣ кунанд?

Албатта, посух гуфтан бар ҳама амалҳои сангин ва даҳшатҳои овардаашонро ҳаргиз наметавонанд наҳзатиён ва ҳаргиз ҳам нахоҳанд тавонист. Зеро ҷиноят ва амалҳои террористии содиркардаи наҳзатиён беҳисоб асту то охири умри худ ҳам наҳзатиён наметавонанд шарҳу тавзеҳ диҳанд. Лек ҳоло, ки мехоҳанд бар миллат хиёнат намоянд, миллатро гумроҳ созанд ва он ҳам боз бар ивази чаҳор танга, магар ин аз пастфитратӣ нест?

Гумроҳ намудани афроде, ки имрӯз ба хотири пешбурди зиндагии хеш ба муҳоҷират рафтаанд ё барои таҳсил муҳоҷират кардаанд, магар хиёнати рӯирост ва инсонбадбинии амиқ нест?

То кай наҳзатиён мехоҳанд фармони хоҷагони хориҷияшонро иҷро кунанд ва он ҳам бар иваҳи чанд танга, ки ҳатман рӯзе ин носипосӣ ва ин хиёнаткорӣ чашми онҳоро кӯр хоҳад кард. Зеро ҳеҷ нохалафе, номарде, авбоше ба мақсад нарасидааст ва наҳзатиёни палиду террорист ҳам ба мақсад намерасанд.

Он туҳматномаҳо ва он матлбаҳои бардурӯғи бофтаи наҳзатиёни манфур ҳамааш бар нияти иғвобарангезиву дасисабозиву гумроҳсозист. Зеро наҳзатиён мехоҳанд аз ҳақиқат мардумро дур нигоҳ доранду бар чамши миллат хок пошанд ва ҳамин аст, ки муҳоҷиронро имрӯз зери ҳадаф қарор додаанд.

Муҳоҷирон қабл азоне, ки фиретфаи суханони ин шайтонҳову авбошҳову палидон мегардед, як маротиба биандишед, ки ин наҳзатиёни манфур бо пайвандони худ чӣ кардаанд ва бо Шумо чӣ хоҳанд кард?!

Меҳвар Абдусаломов

коршиноси масоили сиёсӣ