ХУНИ ҲАРОМ Ё ЧӢ ТАВР НАҲЗАТИЁН ХОИН ШУДАНД?

Шояд авбошиву дуздӣ барои бисёриҳо манбаи даромади рӯзгор гардида бошад, аммо кам касонеро метавон  ба ёд овард, ки ҳам дузд дар ҷомеа шуҳрат ёфта бошанду ҷамъият аз онон ҳазар намояд. Аммо дар адабиёти аз ҷониби гузаштагон офаридашуда, дуздиву ғоратгарӣ ҳамчун амали манфӣ ва нодурусту ғайриинсонӣ қаламдод шудааст ва инро касе ҳам напазируфтааст ва роҷеъ ба ин масъала маводи зиёде вуҷуд дорад,ки амалро маҳкум менамояд, то насли баъди ба чунин амалҳои номатлуб даст назанад.

Аммо инсоният ва ҳаёти пуртакопӯяш дар давраҳои гуногуни зиндагӣ ва арзи ҳастӣ формула ва модулҳои нави фаъолиятро пайдо намуд, ки баъзан онро манфиву мусбат арзёбӣ менамоянд. Ғоратгарӣ, дуздӣ ҳаннотӣ ҳамоно дар садаи 21 ҳам амали манфӣ ва ғайриинсонӣ шинохтаву пазируфта мешавад, ки мо онро инкор ҳам карда наметавонем ва то ҷое ҳақиқат ҳам дорад. Зеро танҳо инсони танбал ва аз лиҳози ҷамъияти шаклнагирифтаву бетарбияву дур аз ахлоқи инсонӣ ба дуздиву ғоратгарӣ ва ҳаннотӣ даст мезанаду халос.  Зеро инсони солим ва ботарбия ҳаргиз ба чунин амалҳои номатлуб даст намезанад ва раво ҳам намебинад, ки бо аҷом додани чунин амалҳо луқмаи ҳаром ба даст ораду маишати рӯзғор намояд.

Лек имрӯзҳо иддае пайдо гардидаанд, на аз дуздиву ҳаннотӣ ва дурӯягиву қаллобӣ, балки аз хиёнатҳои бузургтаре ҳам, амалҳои ношоистае ҳам даст намекашанду ба хотири қонеъ намудани нафси бади худ розиянд ба ҳама рафтори ғайриинсонӣ, ки воқеан барои ин тоифа ҳайфи номи одамӣ мегӯему халос. Ин гурӯҳҳоро метавон ошкоро имрӯзҳо дар расонаҳо ҳам пайдо намуд ва шинохт, ки чӣ тавр барои нафси бади худ шуда, бар азизтарин ва нодиртарин дороии хеш, Ватани маҳбуб хиёнат кардаанд?

Шояд хонандаи ин сатрҳо суоле гузорад, ки чӣ тавр тоифае бар Ватан хиёнат кардаанд?

Наход инсон бар Ватани худ хиёнат намояд?

Бале, бузургтарин дороӣ ва ганҷинаи инсон ин Ватан аст ва вақте мо ба Ватан хиёнат мекунем, гӯё бар модару падари хеш хиёнат карда бошем, ки ин албатта аз носипосиву ноинсонӣ ва камақливу нашнохтани воқеияти рӯзгор мебошад.  Аз ин лиҳоз хиёнат бар Ватанро бузургтарин гуноҳ меноманд ва ҳатто таълимоти динӣ ҳам хиёнат бар Ватан ва ҳамватанро маҳкум менамояд, ки ин бисёр ҳам гуноҳи нобахшиданӣ мебошад.

Аммо солҳои 90-уми асри гузашта иддае пайдо шуданд, ки худро донандаи илми ислому шариат муаррифӣ мекарданду лек ба гумроҳ намудани ҳамватанону ба хоку хун оғӯшта намудани кишвар дасти камар баста буданд, ки инҳо ҳамон наҳзатиёни манфур ва ё ба ибораи дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ буданд, ки ҳамон вақт ҳама арзишҳои инсониро зери по гузоштаву бар фиребу хиёнат одат карда буданд. Барои ба даст овардани маблағҳои ҳангуфт ва бедарди миён омода буданд, наҳзатиёни палид  он вақтҳо сари хоҳару бародар ва модари хешро аз тан ҷудо созанд ва баъзан ҳамин хел ҳам мекарданд, ки ин воқеан ҳам боиси таассуфу газидани ангушти ҳайрат  мебошад.

Зеро аъзоёни ТТЭ ҲНИ он солҳо як фоҷиаи миллиро ба вуҷуд оварда буданду  бо ҳамин роҳ мехостанд номи Тоҷикистонро аз харитаи сиёсӣ ва миллатро пурра аз байе бурд, ки хушбахтона бо хизмати фарзонафарзандони миллат пеши роҳи ин амали наҳзатиёни палид ва касиф гирифта шуду имрӯз мо соҳибдавлат гардидем. Аммо доғи дили мардум, оҳи ятимон ҳанӯз ҳам боқист, ки шояд рӯзе алангае мешаваду кулбаи наҳзатиёни палид ва хунхору хоинро сӯхт.

Тавре, ки дар боло ишора намудем,  яке аз хислатҳои пасти инсонӣ, ки сабабгори зархариду молпараст шудани наҳзатиён гардид, ин набудани тарбияи дуруст ва ахлоқӣ мебошад, ки оқибат инсонҳои ҳайвонтабиат  дар миёни ҷамъият боқи мемонад, ки дидем чӣ тавр хатарҳо эҷод мекунад, ҳамин иштибоҳи инсоният.

Аз ин рӯ аз ҳар як нафар тақозо мешавад, ки барои тарбияи насли наврас ва махсусан фарзандони худ талош намоянд ва ҳамеша фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва покизагиву рафтори дуруст тарбия намоянд. Зеро маҳз ҳамин  рафтори нодуруст ва тарбияи солим метавонад инсонро аз ҳолатҳо ва рафторҳои ношоиста боз дорад.

Мо дар мисоли наҳзатиён хуб мушоҳида карда метавонем, ки чӣ тавр нагирифтани тарбияи дуруст ва маълумоти хуб чӣ хел инсонро гумроҳу пойбанди нафс мегардонад, ки ҳатто ба Ватан ва миллат хиёнат мекунанд, ки ин бисёр ҳам  нигаронкунандаву даҳшатбор аст ва бояд ҳамин барои ҳамагон дарс  шавад. Зеро тарбия накардани фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ оқибат бар зарари худи мо хоҳад буд.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ